
7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,5 гектар дар шаҳраки Зарафшон-1-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон ҷойгир буда, ба яке аз мавзеъҳои зебову замонавии ноҳия табдил ёфтааст. Дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст, ки баландии пойдевори он 6 метр ва баландии худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди боғ барои фароғати сокинон ва меҳмонон соябонҳо (беседкаҳо), ҷойҳои нишаст, низоми муосири равшанидиҳӣ, дарахтони сояафкан ва бинои чойхонаи миллӣ бунёд гардидаанд. Иншоот бо риояи талаботи меъмории муосир сохта шуда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва истироҳати сокинон шароити муносиб фароҳам меорад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Чашмаи Истиқлол» анҷом додааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, барои амалисозии он 6,2 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Зарафшон боз як намунаи татбиқи сиёсати ободониву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар беҳтар намудани муҳити зист, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон саҳми назаррас хоҳад гузошт.





и ещё 8
Смотреть статистику
101
4
15









