Хабарҳои руз

Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии №4 мавриди истифода қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и шаҳраки Зарафшон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди бинои нави иловагӣ имконият фароҳам овард, ки иқтидори муассиса афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ то 240 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд. Дар бинои нав 120 нафар кӯдак дар 8 гурӯҳ ба таълиму тарбия ҷалб гардида, барои омодасозии онҳо ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 20 нафар мураббӣ ва 5 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва даромади муваққатӣ таъмин шуданд.
Фармоишгар ва пудратчии сохтмони иншоот ҶДММ «ТА СП Анзоб» анҷом дода шудаанд. Барои бунёди бинои иловагӣ беш аз 1,8 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Бинои нави иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи таълиму тарбия, 2 утоқи корӣ, миёнасарой, роҳрав, анҷомхона, ҳоҷатхонаҳои дохилӣ ва зинапоя мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дарназардошти талаботи муосири таҳсилоти томактабӣ сохта шуда, барои таълиму тарбия, нигоҳубин ва рушди зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии №4 идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф ва тавсеаи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Ин иқдом барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои томактабӣ ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоии шаҳраки Зарафшон аҳамияти муҳим дорад.

Leave a Reply

Back to top button