
7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нави соҳаи маориф барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои хонандагони деҳа шароити арзандаи таълиму тарбия фароҳам оварда шуда, ҳамзамон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бинои муассиса аз як қисм, ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дорои 7 синфхонаи таълимӣ, 7 кабинети фаннӣ, 2 утоқи корӣ, китобхона, ҳуҷраи ёрирасони китобхона, ҳуҷраи директор, ҳуҷраи мудири таълим, муаллимхона, миёнасарой, роҳрав, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад. Иншоот бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи босифати хонандагон тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё шудааст.
Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 3600 метри мураббаъ буда, аз ин 570 метри мураббаъро масоҳати сохтмони бино ташкил медиҳад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Арасту-2017» иҷро гардидааст. Барои бунёди ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ идомаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар ноҳияи Айнӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Показать меньше









