Хабарҳои руз

Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Қаландар Солеҳов мавриди истифода қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшон мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи нави таълимӣ барои 320 хонанда пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои хонандагони шаҳраки Зарафшон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, дар муассиса 35 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, омӯзгорону дигар кормандони соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 кабинети фаннӣ, 3 утоқи корӣ, китобхона, ҳуҷраи ёрирасони китобхона, ҳуҷраи директор, ҳуҷраи мудири таълим, муаллимхона, миёнасарой, роҳрав, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар муассиса барои ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия мутобиқ ба талаботи муосир тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 4416 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин 866,62 метри мураббаъро масоҳати зери сохтмони бино дар бар мегирад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Технологияи маъданшиносӣ ва кӯҳкорӣ» анҷом додааст.
Барои бунёди ин муассисаи таълимӣ беш аз 6,5 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Қаландар Солеҳов боз як қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сармояи инсонӣ мебошад. Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ имконият фароҳам меорад, ки хонандагони шаҳраки Зарафшон дар шароити ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳсил намуда, омӯзгорон низ фаъолияти худро дар муҳити муносиб ба роҳ монанд.

Leave a Reply

Back to top button