Хабарҳои руз

Дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Фурӯғи фардо» мавриди истифода қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Фурӯғи фардо»-и деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи нави томактабӣ барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ васеъ гардида, барои 10 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки муассиса бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона анҷом дода шудаанд. Ин иқдоми созанда бозгӯи ҳамкории самараноки давлат, соҳибкорон ва аҳолӣ дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад.
Бинои муассиса аз як ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи таълиму тарбия, ошхона, ҳуҷраи нуқтаи санитарию беҳдоштӣ, утоқи корӣ, миёнасарой, роҳрав ва анҷомхона мебошад. Ҳуҷраҳои муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои таълиму тарбия, нигоҳубин ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати зери сохтмони иншоот 523,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти томактабии «Фурӯғи фардо» дар деҳаи Похут идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф ва таҳсилоти томактабӣ буда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ, омодасозии кӯдакон ба таҳсил ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия дар деҳоти ноҳияи Айнӣ аҳамияти муҳим дорад.

Leave a Reply

Back to top button