
7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти томактабии №12-и деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, муассисаи нави томактабӣ барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он имконияти фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам омад. Ҳамзамон, дар муассисаи нав 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи таълиму тарбия, ошхона, 2 утоқи корӣ, миёнасарой, роҳрав, анҷомхона, ҳоҷатхонаҳои дохилӣ ва зинапоя мебошад. Барои таълиму тарбияи кӯдакон дар муассиса тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳо бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд шудаанд.
Фармоишгар ва пудратчии сохтмони иншоот ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» амалӣ гардидааст. Барои сохтмони ин муассисаи томактабӣ 1,8 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи таҳсилоти томактабии №12 дар деҳаи Такфон боз як қадами муҳим дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф ва фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб рафта, барои таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии онҳо ба таҳсил ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ дар деҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.









