Хабарҳои руз

Дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Гулшан» мавриди истифода қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ Муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Гулшан» дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи нави томактабӣ барои 80 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он имконияти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Урметан боз ҳам васеъ гардид. Ҳамзамон, дар муассисаи мазкур 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои сокинони маҳаллӣ шароити шуғли доимӣ фароҳам оварда шуд.
Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса аз 7 ҳуҷраи таълиму тарбия, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Муассисаи томактабии «Гулшан» бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватандӯст Меҳрон Давронзода бунёд шудааст. Ӯ ҳамзамон фармоишгар ва пудратчии сохтмони иншоот буда, корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири сохтмон анҷом дода шудаанд. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик Мантаж» таҳия гардидааст.
Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 279 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он барои нигоҳубин, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон муҳити мусоиди таълимӣ ва тарбиявӣ фароҳам оварда шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Гулшан» намунаи равшани саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи маориф ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди чунин муассисаҳо барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Айнӣ аҳамияти муҳим дорад.
и ещё 7
Смотреть статистику

161

10

19

Leave a Reply

Back to top button