Хабарҳои руз

Дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавии нав мавриди истифода қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ беморхонаи минтақавии деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб мавриди истифода қарор дода шуд.
Беморхонаи нав бо 20 кати табобатӣ сохта шуда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳаи Такфон ва маҳаллаҳои атроф пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ сокинон минбаъд метавонанд дар маҳалли зисти худ аз хизматрасониҳои босифати тиббӣ баҳравар гардида, барои гирифтани ёрии тиббӣ ба дигар маҳалҳо муроҷиат накунанд.
Ҳамзамон, бо оғози фаъолияти беморхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, мутахассисони соҳибмаълумот ва ҷавонони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Беморхонаи минтақавӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 29 ҳуҷра ва 5 утоқи корӣ мебошад. Дар иншоот ҳуҷраҳои таваллуд барои 3 кат, ҳуҷраи баъди таваллуд барои 5 кат, ҳуҷраи ҷарроҳӣ, ҳуҷраи муолиҷа, ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи бастабандӣ ва сӯзандору, ҳуҷраи акушерӣ, ҳуҷраи табиб, ҳуҷраи сардухтур, ҳуҷраи ҳамшираи шафқат, ҳуҷраи кормандони миёнаи тиббӣ, муҳосибот, анбори либосҳои тоза, ҳуҷраи фаррошон, ҳоҷатхонаҳо, дастшӯйгоҳҳо, роҳрав ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дарназардошти талаботи муосири соҳаи тандурустӣ бунёд гардида, барои расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати зери сохтмони беморхона 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгар ва пудратчии сохтмони иншоот ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» анҷом дода шудаанд. Барои бунёди беморхонаи мазкур 6 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи минтақавии деҳаи Такфон идомаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ буда, барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи саломатии сокинони ноҳияи Айнӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button