
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо мақсади дидорбинӣ ба манзили собиқадорони меҳнати деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч рафта, салому дуруди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонид.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хизматҳои шоёни собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамеша қадр карда, дар ҳама ҳолат дар бари онҳо хоҳад буд.
Собиқадорони меҳнат дар навбати худ ба ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату ҳукумат сипосмандӣ намуда, барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату осудагии кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуданд.




Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
93