Хабарҳои руз

Таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Айнӣ

5-уми апрел Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашии деҳаи Шамтучи Ҷамоати деҳоти Шамтуч шинос гардида, барои тайёр намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими нав дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Зимни боздид аз пойгоҳи обкашии «Қарғтӯда-1» иттилоъ дода шуд, ки он солҳои 84-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Мастчоҳ бунёд шуда, заминҳои деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Дашти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳиро бо об таъмин менамояд.
Ҳам акнун, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи обкашии мазкур пурра таъмиру таҷдид мегардад ва муҳаррику дастгоҳҳои нав насб карда мешавад, ки тавассути пойгоҳҳои обкашии “Қарғтӯда-1” ва “Қарғтӯда -2” зиёда аз 300 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода масъулони Идораи обро муваззаф намуд то дар кӯтоҳтарин муддат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, заминҳои мазкурро бо об таъмин намоянд.
и ещё 20
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

52

Leave a Reply

Back to top button