
Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч 5-уми апреи соли 2025 бо раванди ободокориҳо аз наздик шинос гардид ва бо сокинон суҳбату мулоқот орост.
Дар деҳаи Каздон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии сокинон муассисаи томактабӣ дар бинои куҳнаи МТМУ 48 ташкил карда мешавад. Мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмони ноҳия лоиҳаи онро омода намуда, барои ба муассисаи томактабӣ мутобиқ намудани талаботи он дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа ба таъмиру таҷдиди муассиса шуруъ намуданд.
Таъмиру навсозии бино бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳал бунёд карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва ташкили муассисаи томактабӣ барои 80 нафар тарбиятгирандагон ба сохтмончиёну таъмиргарон дастуру тавсияҳои муфид дод.
Рӯзибой Раҳимзода зимнан аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар гашта, таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар иншооти соҳаи маориф бунёд ёфта, сатҳу сифати таълиму тарбия боло бурда мешавад.
Маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қаламрави кишвар, то дурдасттарин ҷамоату деҳот иншооти соҳа бунёд гардида, бо навтарин аёниятҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.
Сипас, Раиси ноҳия аз раванди сабзкориву ниҳолшинонӣ дар деҳаи Каздон дидан кард.
Бояд гуфт, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ пайваста ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида мешаванд. Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин раванд бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар талу теппаҳои деҳаи Каздон зиёда аз 5500 бех арчаҳои навъҳои гуногун ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.
Рӯзибой Раҳимзода -Раиси ноҳияи Айнӣ ба сокинони ташаббускор ва ободгари деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч изҳори миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро расонид.





и ещё 45
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
79