Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ кишти картошка васеъ ба роҳ монда мешавад

Деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ бо обу ҳавои мусоид ва заминҳои ҳосилхезаш дар ноҳия ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардааст. Мардуми ин деҳа аз қадимулайём ба зироаткориву чорводорӣ машғул будаанд ва ин шуғли деҳқониро имрӯз ҳам меросбарони деҳаи Рарз бо шавқу завқи махсус идома медиҳанд. Аз ин ҷост, ки оини киштукор ва обу хоки пурфайзу ҳосилхези деҳаи Рарз ба маданияти баланди заминдорӣ асос гузошта, пешаи деҳқонӣ дар давоми солҳои зиёд яке аз пуршарафтарин касбҳои сокинони ин деҳа ба ҳисоб меравад.
Имсол ҳам кишоварзони деҳаи Рарз бо дасту дили гарм бо фаро расидани мавсими кишт сарҷамъ ба сари заминҳо омада, бо кумаки якдигар ба кишти картошка шуруъ намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз рафти киштукор бо деҳқонон суҳбат кард. Зимни мулоқоту суҳбат Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон буда, танҳо бо роҳи рушду тараққӣ додани он мо метавонем сифат ва сатҳи зиндагии худро баланд бардорем.
Мо гуфт, Раиси ноҳия бояд аз ҳозир нақшаи зироатҳои гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ, арзан, мош, марҷумак, офтобпараст, бодиринг, карам ва навъҳои дигари сабзавотро ҳамчун кишти такрорӣ матраҳ намуда, ҳангоми ҷамъоварии ҳосили якум – кишти дуюмро дарҳол ба роҳ монем.

Leave a Reply

Back to top button