Хабарҳои руз

Таъмиру навсозии роҳҳо дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба истиқболи арзанда аз Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Онҳо бо садоқат, дасту дили пок ва арзишҳои волои ватандорӣ дар ободонии диёри хеш саҳм мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнав¬созии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин фаъол мегардонад.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯзҳо дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъмиру навсозии роҳҳо роҳандозӣ гардида, бо иштироки мардони саховатпеша ва ободкор давра ба давра сифати он дар сатҳи зарурӣ қарор мегирад.
Субҳи имрӯз дар деҳаи Путхин бо ҷалби васеи сокинон таъмири роҳи байни деҳа роҳандозӣ гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ширкат намуд. Сокинон тасмим гирифтанд масофаи қариб як километр роҳро бетонпӯш карда, сифати онро ба талаботи хуби хизматрасонӣ қарор диҳанд. Бояд гуфт, ки дар фасли сармо ва ҳангоми боришот ҳаракат тавассути роҳҳои деҳа мушкил буда, бо бетонпӯш шудани он мушкилоти сокинон паси сар хоҳад шуд. Аз ҷониби Раиси ноҳия Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода барои бетонпӯшкунии роҳи мазкур 100 халта семент кумак карда шуд.
Раиси ноҳия зимни сӯҳбат бо ободкорони деҳа гуфт, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатии кишвар сохтмону таъмири роҳҳо ҳамчун авлавият дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, чунки таъмири роҳ воситаи расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди зист мебошад. Дар гузашта мардум барои ободонӣ ва рушди деҳаҳои хеш талош мекарданд. Ин як ҷузъи фарҳанги суннатии мо буд ва бояд таъкид кард, ки ватандорӣ ва эҳсонкорӣ кори хайр аст. Ин суннати таърихиро бояд эҳё кард. Аз ин хотир, соҳибкорон метавонанд бо ташаббус дар рушди роҳҳои маҳаллӣ саҳми бориз гузоранд. Ин нуктаро дар Паём дарҷ кардани Президенти кишвар низ бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳо, дастгирии соҳибкорон, дар маҷмӯъ рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар, мебошад.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

51

Leave a Reply

Back to top button