
Дар оғӯши сабзу сарсабзи водии Зарафшон, дар канори рӯди зарфишони ҳамном, деҳаи зебову таърихии Вота оромона арзи ҳастӣ дорад. Вота – номи қадимаест, ки реша дар тамаддуни Суғди Бостон дошта, маънии «Худованди Бод»-ро дар оини Меҳр (Metraism) ифода мекунад. Ин ҷоест, ки таърих, табиат, фарҳанг ва зиндагии имрӯз дар ҳам омехта, манзараи нодиреро аз як деҳаи тоҷикон ба намоиш мегузоранд.
Таърих ва бостоншиносӣ
Нахустин нишонаҳои зисти инсонӣ дар ин минтақа ба ҳазорсолаҳои пеш бармегардад. Вотаи Боло, ки дар масофаи 5 км аз ҷойи имрӯзаи деҳа воқеъ аст, боқимондаи шаҳраки қадимаест, ки дар миёни ду қуллаи кӯҳӣ, лаби дарёчаи кӯҳии Сойи Вота ҷой гирифтааст. Осори хонаҳои сангӣ, масҷид, қабристон, осиёб, кӯзаҳои сафолин ва дарахтони бисёрасраи мевадиҳанда то ба имрӯз шоҳиди зиндаи зиндагии пуршукӯҳи гузаштаанд. Дар ин мавзеъ рӯҳи таърих ва хоку санги ҳар гӯша аз рӯзгори ниёгон қисса мекунад.
Урфу одат ва фарҳанги мардум
Сокинони деҳа, ки беш аз 174 хоҷагӣ ва 731 нафарро ташкил медиҳанд, пайвандони рӯшанзамири ниёгони бофарҳанги худанд. Урфу одати мардум ба фарҳанги асили тоҷикӣ ва мероси суннатии Суғдиён такя дорад. Тӯйҳои миллӣ, ҷашнҳои мавсимӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада), маросимҳои рамзӣ ва бозиҳои мардумӣ чун гаҳвораи фарҳанг дар ин диёр бо шукӯҳ таҷлил мешаванд.
Ҳунарҳои мардумӣ низ дар Вота аз ҷойгоҳи хоса бархӯрдоранд. Кордсозӣ, гаҳворасозӣ, гилембофӣ, дӯзандагии миллӣ ва косибии суннатӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои маъмуланд, ки то ҳол дар байни мардон ва занони деҳа ривоҷ доранд. Дар рӯзҳои ид ва маъракаҳо либосҳои миллии гулдӯзишуда, суруду рақси анъанавӣ ва таомҳои тоҷикӣ (аз қабили оши палав, қурутоб, ширбиринҷ) деҳаҳоро ба саҳнаи фарҳанги зинда табдил медиҳанд.
Иқтисод ва шуғли мардум
Иқтисоди Вота, чун анъана, бар асоси деҳқонӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ асос ёфтааст. Заминҳои ҳосилхез ва оби равони дарёчаи Вота шароити мусоид барои парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла гандум, ҷав, картошка ва меваҷот фароҳам овардаанд. Вота бо боғҳои зардолу, чормағз, бодом ва нокаш шинохта шудааст.
Дар деҳа 7 хоҷагии инфиродӣ ва як хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ бо номи «Вота-Ёвон» фаъолият доранд. Чорводорӣ (парвариши гов, гӯсфанд ва буз) низ манбаи муҳими даромади хонаводаҳост.
Дастовардҳо дар замони Истиқлоли давлатӣ
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Вота симои нав касб кард. Бо дастгирии давлат ва ҳукумати ноҳияи Айнӣ як қатор тадбирҳои ободонӣ амалӣ гардиданд:
Мактаби замонавии таҳсилоти умумии асосӣ, ки имрӯз садҳо фарзанди деҳа дар он таҳсил мекунанд;
Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти наву кормандони соҳибтаҷриба;
Масҷиди панҷвақта, ки дар айни таъмиру ободонӣ қарор дорад;
Нуқтаҳои савдои хусусӣ ва нуқтаи хидматрасонии маишӣ, ки ба шукуфоии иқтисоди деҳа мусоидат менамоянд;
Хатти оби нӯшокӣ ва барқ ба таври устувор таъмин аст;
Сайёҳии фарҳангиву таърихӣ;
Бо дарназардошти таърихи қадимӣ ва табиати зебо, Вота метавонад ба як макони ҷолиби сайёҳӣ мубаддал гардад. Мавзеи таърихии Вотаи Боло, роҳравҳои кӯҳӣ, манзараҳои дилрабо ва меҳмоннавозии мардум барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ фазои фаромӯшнашаванда фароҳам меоранд. Ин макон, ки дар гузаргоҳи қадимаи Суғдиён воқеъ аст, имкон дорад ба як самти нави эко-туризм ва туризми таърихӣ дар Тоҷикистон табдил ёбад.
Хулоса – Вота на танҳо як деҳа, балки осорхонаи зинда, нишонаи ҳувият, ва рамзи зиндагии мардумӣ дар кӯҳистон аст. Он бо таърихи ғанӣ, табиати зебо, меҳнатдӯстии сокинон ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ сазовори эҳтиром ва таваҷҷуҳи ҳамагон аст. Дар рӯҳи ҳар санг, дар суруди ҳар сокин ва дар ҳар гулу дарахти ин диёр, нафаси гузашта ва умеди фардо эҳсос мешавад.
Шамсиддин Халифаев, рӯноманигор





и ещё 7
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Шодибек Худжов, Каздони Рахмонзода и ещё 10