Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

НОҲИЯИ АЙНӢ, ДАСТОВАРДҲО ВА ИСТИФОДАИ ИМКОНИЯТҲО ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андоз ва пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Ноҳияи Айнӣ дорои 7 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳрак; ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Дар-Дар, Айнӣ, Рарз, Шамтуч, Фондарё, Анзоб ва шаҳраки Зарафшон мебошад.
Аҳолии ноҳия дар солҳои 1990-57000 нафар, солҳои 2000-ум 65200 нафар, солҳои 2010-ум 72000 нафар ва дар соли 2025 96165 нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши аҳолӣ дар ин давра 39165 ё 68,7%-ро ташкил медиҳад. Вазъи таъмини иқтисодӣ иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 90-ум то 2000-ум бо 57-65 ҳазор нафар аҳолӣ хеле вазнин буда, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафт ва рушду нумуи кишвар, ноҳияи Айнӣ низ қадам ба қадам пешрафт намуда, аз нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии солҳои 2000-2012-ум, ки дар дастгирии молиявии давлатӣ қарор доштани ноҳия маҳсуб меёфт то баромадан аз ин мушкилоти иқтисодӣ ва ҳамчун “донор” ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссагузоранда омада расид.
Агар мутаносибан дар солҳои 2000-ум то 2011 ноҳияи Айнӣ аз буҷети вилояти Суғд аз 280 то 6 890 ҳазор сомонӣ (аз 45,5 то 67%) кумаки молиявии беподошт (дотатсия) гирифта бошад, пас аз баромадан аз дотатсия аз соли 2012 инҷониб аз ҳисоби иҷроиши андоз ва буҷет ба буҷети вилоятӣ аз 3,3 то 240,8 млн сомонӣ ё худ 42% ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз 1,2 то 185 млн сомонӣ ё 32,3% ҳиссаҷудокунӣ намудааст.
Таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия, рафти сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ва муассисасаҳои соҳаи иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад, ки ноҳия дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани нақшаҳои дурнамо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар даврони соњибистиќлолї зиёда аз 10 маротиба ташрифи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ сурат гирифтааст, ки ҳар сафар ба кушодавшавии иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуд.
Аз ҷумла дар доираи сафарҳои корӣ чунин кохонаҳои бузурги саноатӣ ба мисоли ҶСП “ТАЛКО-ГОЛД”, ҶДММ “ТВЕА-ДУШАНБЕ Саноати кӯҳӣ, ҶДММ “Талко-Флюорит”, ҶДММ “Ангишти тахт”, ЉСК “Паҳндара Майнинг”, ҶДММ “АРБ Мениралс Групп” ва ЉДММ “Маъдан-2017” мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин фаъолияти хуби корхонаҳои саноатии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб”, КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, ҶДММ Ширкати металургии “Анзоб”, ҶДММ “Комбинати металурги Тоҷик” ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва пешрафти он саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Соҳаи саноат дар ноҳия соҳаи асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гаштани буҷет ва беҳ гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия нақши муҳим дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи ноҳия, ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содироти ноҳия ва дар ин замина, таъмини иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандози намуда истодааст.
Бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли рақобатпазири ватанӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ намуда истодааст.
Дар ноҳия 6 адад корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли ангишт, 1 адад ба истеҳсоли консентрати сурмаи 30 фоиза, 1 адад ба истеҳсоли метали сурма ва симоб, 1 адад ба истеҳсоли сурмаи тиллодор ва тиллои сулфурдор, 1 адад ба истеҳсоли метали №1, 1 адад ба истеҳсоли флюорит, 3 адад ба истеҳсоли қуму шағал ва хишти сементӣ, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, 1 адад ба коркарди обҳои ташнашикан, 2 адад ба истеҳсоли дару тиреза, 1 адад ба истеҳсоли хиштҳои сабук (газоблок), 1 адад ба истеҳсоли машрубот ва 1 адад ба истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот машғул мебошанд.
Шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатии ноҳия ба ҳолати 01.01.2026 сол 4800 нафарро ташкил дода, музди миёнаи моҳонаи коргарон бошад 7000 сомониро дар бар мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар соли 2026 ба 13,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 190 фоизро ташкил менамояд.
Қайд бояд намуд, ки афзудани теъдоди коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад.
Имрӯзҳо саноатчиёни ноҳия мекӯшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ корхонаҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.
Дар соли 2025, 5 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода шудаанд аз он ҷумла, ҶСК “Паҳндара Майнинг”, ҶДММ “Баракати Сафо”, ҶДММ “АРБ Менералс групп”, ҶДММ “Ширкати сохтмонии 100” ва ҶДММ “Шаббодаи Анзоб”.
Хушбахтона дар арафаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатии ноҳия аз 4 адади солҳои 2000-ум ба 26 адад расонида шудааст, ки ин 6.5 маротиба зиёд буда, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000-ум беш аз 52 баробар афзоиш ёфтаааст. Болоравии маҳсулнокӣ дар натиҷаи ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техникаи муосир муҷаҳҳазшуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ба даст омад. Танҳо дар даҳ соли охир шумораи коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ 3 маротиба зиёд шудааст.
Дар давраи аз соли 2015 то соли 2025 дар соњаи саноати ноҳия тамоюли мусбии рушд ба миён омада, суръати устувори рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми водии Зарафшон аз моҳи декабр сар карда то моҳи май-июн ба маркази кишвар шаҳри Душанбе ва маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд рафту омад карда наметавонистанд. Бо кушодашавии нақби Истиқлол ва нақби Шаҳристон, таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бустон-Чаноқ ва кушодашавии он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо минтақаи Зарафшон, балки шоҳраги Тоҷикистон кушода гардид.
Дар дохили ноҳия бошад бо тадбири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону саховатмандон давра ба давра зиёда аз 115 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуда, 8 кӯпруки нав бунёд ва зиёда аз 10 кӯпруки дигар таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Ҳамаи ин ободониҳо ба беҳтар гардидани гардиши сайёҳон ба дохили ноҳия ва хуб шудани шароити иҷтимоии аҳолии ноҳия мусоидат намуд.
Агар дар соли 2000-ум аз ноҳия танҳо 413 нафар сайёҳ дидан намуда бошад, танҳо дар соли 2025 шумораи онҳо ба 18300 нафар расидааст.
Барои фароҳам овардани шароити хуб вобаста ба ҳамлу нақли бор, мусофирон ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ба сокинону меҳмонони ноҳия ва ҷалби сайёҳону меҳмонон бунёди иншоотҳои гуногун аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхона ва ошхонаҳои замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгўй ба мақсад мувофиқ аст, ки ин барои бартараф намудани мушкилоти мусофирон ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Дар ин давра меҳмонхонаҳои Нури Раҳмон, Варз, Суғдиён, Ромия, Қаҳрамон ва ошхонаҳои “Шоми Бухоро”, “Ораш”, Меҳроҷ, тарабхонаи “Ораш”, “Анис” ва ғайраҳо ба истифода дода шудаанд, ки ин иқдоми созанда идома дорад. Айни замон дар ҳудуди ноҳия 12 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ бо 510 ҷойи хоб фаъолият менамоянд.
Иҷроиши нақшаи воридоти андоз яке аз масъалаҳои калидии пуршавии буҷет ва таъмини саривақтии он мебошад. Воридшавии маблағҳо ба буҷети ноҳия агар дар солҳои 2010-12,5 млн сомонӣ, дар соли 2020-188,4 млн сомонӣ бошад ин нишондод дар соли 2025-ум 648,6 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2010 – 52 баробар ва нисбат ба соли 2020 – 3,4 баробар зиёд мебошад.
Соҳаи маорифи ноҳия низ дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра 34 бинои муассисаи таҳсилоти умумии нав бо фароҳамсозии 81200 ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 800 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар назди 12 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфхонаҳои иловагӣ, дар назди 14 муассиса толор ва дар назди 11 муассисаи таълимӣ майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, бинои 21 муассисаи таълимӣ аз таъмири пурра бароварда шудааст. Имрӯз дар ноҳия кӯдакони синни мактабӣ пурра ба таҳсил фаро гирифта шуда, норасоии ҷойи нишаст вуҷуд надорад. Айни замон сохтмони бинои 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 3 кӯдакистон бомаром идома дорад.
Ҳамаи ин ғамхориҳо ба пешрафти соҳаи маориф мусоидат намуда, аҳли маорифи ноҳия дастовардҳои зиёдеро соҳиб гардиданд.
Тариқи Маркази миллии тестӣ 8316 нафар, тариқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 нафар, аз ҷумла 223 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ донишҷӯй гардида, зиёда аз 341 нафар дар хориҷи кишвар таҳсили илм намуданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 54 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 5 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 43 ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 566 нафар ба таври фосилавӣ иштирок намуданд, ки аз инҳо 33 нафар сазовори ҷойи 1, 43 нафар сазовори ҷойи 2 ва 99 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд. 1 нафар дар олимпиадаи байналмилалӣ бевосита иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардидааст.
Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 7 нафар, дар озмуни “Тоҷикистон Ватанаи азизи ман” 3 нафар ғолибиятро ба даст оварда, 6 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 19100 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд, ки ба онҳо 1783 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф дар соли 2025 81,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои 2000-ум 25 маротиба зиёд мебошад.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 8 шифохона, нисбат ба солҳои аввали истиқлол 2 адад зиёд, 22 маркази саломатӣ, 13 адад зиёд ва 32 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 833 нафар кормандони соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ 71 муассисаи тандурустӣ барои сокинон хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Танҳо дар соли 2024-25 таъмиру сохтмони 2 муассисаи тиббӣ дар деҳаҳои Урметан ва Диҷик ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Дар ноҳия 21 адад дорухона фаъолият менамояд.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ дар соли 2025 28,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои 2000-ум 24 маротиба зиёд мебошад.
Самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи кишоварзии ноҳия растанипарварӣ, чорводорӣ ва боғпарварӣ мебошад. Кишоварзони ноҳия дар ин давра софдилона меҳнат намуда, ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардиданд, ки ин ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд. Афзоиши истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ нисбат ба соли 2020, аз ҷумла растанипарварӣ-115,8%, чорводорӣ-146%, моҳипарварӣ-122,5%-ро ташкил медиҳад.
Ҳадафи олии Барномаи миёнамуҳлати рушди ииҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои пешин ва аз ҷумла барои солҳои 2021-2025 баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлаии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 бунёд ва ба истифода додани 595 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 625 иншооти гуногунсамт мавриди истифода ҷарор гирифт, ки ба 105 дарсади нақша баробар мебошад. Дар онҳо 800 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Мақомоти иҷроия ва сокинони мушкилнописанди ноҳияи Айнӣ аз дастуру супоришҳо ва роҳандозии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет, дар ин замина саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дили гарму меҳру муҳаббати самимӣ, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ва ноил шудан ба зиндагии босаодату шоиста меҳнат карда истодаанд ва дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ ва ҳамзамон дар баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии сокинон саҳми босазои худро мегузоранд.
Равшан Раҳимзода, Раиси ноҳияи Айнӣ
Возможно, это изображение текст

Leave a Reply

Back to top button