
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ, дар Ҷамоати деҳоти Рарз корҳои хайриявию дидорбинӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи ин иқдом аз ҷониби масъулони давлатӣ зиёда аз 93 нафар сокинони ҷамоат собиқадорон, оилаҳои ниёзманд, беморон, ятимон ва маъюбон аёдат карда шуданд.
Зимни дидорбинӣ ба аёдатшудагон кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, ҳолу аҳволи онҳо пурсида шуд. Масъулон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳо нишонаи ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа буда, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Идомаи ин гуна дидорбиниҳо ва корҳои хайриявӣ аз ҷониби масъулони мақомоти давлатӣ дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ ба нақша гирифта шуда, барои таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва расонидани дастгирии воқеӣ ба ниёзмандон равона гардидааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11










