
26-уми декабри соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
* ҳисоботи Раиси ноҳияи Айнӣ «Дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар соли 2025»;
* ахбори прокурори ноҳияи Айнӣ оид ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2025;
* тасдиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2026–2030»;
* ҳисобот оид ба иҷроиши буҷети ноҳия дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2026;
* муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ;
* ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз 26 декабри соли 2024, №328;
* ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Похут» №25 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
* тасдиқи нақшаи муфассали банақшагирии маркази ноҳияи Айнӣ вобаста ба сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрагӣ;
* муқаррар намудани ҳиссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрагӣ;
* пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони алоҳида аз ҳавзаҳои интихоботии «Урметан» №5, «Дар-Дар» №11 ва «Испағн» №23;
* таъйин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда;
* ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот;
* тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Дар зимн, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида андешаҳои худро иброз дошт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки масъалаҳои баррасигардида барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия, таҳкими қонуният, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону мутахассисон аҳамияти муҳим доранд. Ӯ таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ҳисоб меравад.
Равшан Раҳимзода, -раиси ноҳияи Айнӣ ҳамзамон ба роҳбарони соҳаҳо супориш дод, ки ҷиҳати татбиқи самараноки Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар анҷом Равшан Раҳимзода аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҳамаи иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди масъулият, ҳамдилӣ ва заҳмати содиқона барои пешрафт ва ободии минбаъдаи ноҳияи Айнӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Вакилон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати ҳафтум) худи ҳамин рӯз кори худро ба анҷом расонид. Дар охир як қатор кормандон бинобар расидан ба синни ниҳоии нафақа гуселонида шуда, ҳамчунин шахсоне, ки дар тӯли сол барои рушди ноҳия хизматҳои арзанда анҷом додаанд, бо унвонҳо, Сипоснома, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










