Хабарҳои руз

Дидорбинии Раиси ноҳияи Айнӣ бо афсарону сарбозони дидбонгоҳи «Исрофилобод» дар арафаи Соли нави мелодии 2026

Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодии 2026 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода аз қисми ҳарбии 0203, дидбонгоҳи «Исрофилобод» боздид ба амал оварданд.
Зимни мулоқот бо афсарону сарбозон меҳмонон табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Соли нав расонида, ба хизматчиёни ҳарбӣ туҳфаҳои идонаи солинавӣ тақдим намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ дар ҷараёни суҳбат андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷойгоҳ ва аҳамияти Парчами давлатӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар мавриди зикр қарор дод. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ, давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ҳар шаҳрванди кишварро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва таҳкими амнияти давлат ҳидоят менамояд. Ҳамчунин ёдовар шуд, ки Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд: сарҳадбонон пешсафони амнияти давлат ва сипари боэътимоди марзу буми муқаддаси Тоҷикистон мебошанд ва давлат ҳамеша барои беҳтар гардонидани шароити хизмату зиндагии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Мулоқоти гарму самимии намояндагони мақомоти давлатӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ нишони равшани афзоиши ҳисси ватандӯстӣ, мардумдӯстӣ ва эҳтирому қадршиносии ҳукумати мамлакат нисбат ба муҳофизони марз арзёбӣ гардид. Чунин ташаббусҳо ба боло рафтани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими робитаи ҷомеа бо Қувваҳои Мусаллаҳ ва таъмини устувории амнияти кишвар мусоидат менамоянд.
Дар навбати худ, Гулсара Мирзозода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба афсарону сарбозон расонида, ба онҳо дар адои хизмати ҳарбӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири афсарону сарбозонро шод гардониданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button