
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, № 22 баргузор гардид.
Зимни қабули шаҳрвандон сокинони ноҳия бо муроҷиатҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишӣ ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, талаботи шаҳрвандон ба таъмини ҷойи кори доимӣ, рӯйонидани маблағ аз бонк, расонидани кӯмаки молиявӣ, кӯмак барои табобат дар беморхонаҳо, таъмини ҷойи зист, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, мусоидат дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои хонаҳои истиқоматӣ ва идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба сохтмони мактаб дар деҳаи Пинён бинобар садамавӣ будани бинои мавҷуда, ҳалли баҳси меҳнатӣ байни коргар ва корфармо дар муассиса, расонидани кӯмак бо маводи сӯхт дар мавсими зимистон, мусоидат дар ташкили корхонаи чӯбкорӣ (пилерама) ва ҳалли масъалаи пардохти маблағҳои андозии хоҷагии зотпарварӣ баррасӣ шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳар як муроҷиат шаҳрвандонро бо имкониятҳои мавҷуда шинос намуда, ба сохтору шуъбаҳои дахлдор ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва қонунӣ супоришҳои мушаххас доданд. Қисме аз муроҷиатҳо дар ҷараёни қабул ҳалли худро ёфтанд, муроҷиатҳои дигар барои баррасии иловагӣ ба мақомоти масъул равона карда шуданд.
Қабули шаҳрвандон ҳамчун яке аз василаҳои муҳими муоширати мустақим бо аҳолӣ ба баланд бардоштани сатҳи эътимод, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини манфиатҳои иҷтимоии сокинон равона гардидааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 24
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
70










