
Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27-уми декабри соли 2025, дар арафаи Соли нави мелодии 2026 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и маркази ноҳия ва Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили Сарвода»-и шаҳраки Сарвода мулоқот анҷом дод.
Мулоқот дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баргузор гардида, зимни он Раиси ноҳия пеш аз ҳама занони кӯчарӯбро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки заҳмату талошҳои ҳамарӯзаи кӯчарӯбон дар тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия басо арзишманд буда, маҳз бо меҳнати содиқонаи онҳо вазъи экологии ноҳия дар сатҳи хуб қарор дорад.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ дар асоси сиёсати адолатпарварона ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба меҳнат фаъолият мекунанд, ҳамеша дастгирӣ ва қадрдонӣ хоҳад намуд.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбарияти ноҳия барои хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим кард.
Занони кӯчарӯб дар навбати худ барои чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо илҳом аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри ободу зебо гардонидани ноҳияи азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
172










