Хабарҳои руз

Дидорбинӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ дар арафаи Соли нави мелодии 2026

Дар арафаи Соли нави мелодии 2026 муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ҳамроҳ бо намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 0203, дидбонгоҳи Исрофилобод ташриф оварданд.
Зимни ин дидорбинӣ ба хизматчиёни ҳарбии қисми мазкур маводҳои гуногуни озуқаворӣ, лавозимоти рӯзгор ва дигар кумакҳои зарурӣ расонида шуд. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлат ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва қадрдонии хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ гардид.
Муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода дар суҳбат бо сарбозону афсарон аз хизмату заҳмати содиқонаи онҳо дар ҳифзи марзу буми кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки таъмини амнияту суботи давлат вазифаи муқаддас буда, заҳмати шабонарӯзии ҳарбиён ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат ва мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ таманниёти самимии роҳбарияти ноҳияи Айнӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 расонида шуда, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ, комёбиҳо дар хизмат ва осмони софу рӯзгори орому осуда орзу гардид.
Намояндагони қисми ҳарбӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ иброз доштанд.
Ин гуна ташаббусҳо бозгӯи ғамхорӣ ва ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

28

Leave a Reply

Back to top button