
Муҳтарам кормандони мақомоти амният,
собиқадорони гиромӣ!
Мақомоти амнияти миллӣ яке аз ниҳодҳои калидии давлатӣ буда, дар таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нақши муҳим доранд. Бо ифтихор кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ самимона муборакбод мегӯям.
Хизмати софдилона, ҳушёрӣ, касбият ва садоқати Шумо ба Ватан омили асосии сулҳ, субот ва оромии ҷомеа мебошад. Маҳз ба шарофати заҳмати шабонарӯзии Шумо амнияти миллӣ ва манфиатҳои давлат боэътимод ҳифз мегарданд.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳатии комил, неруи тоза, муваффақият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, оромии хонадон ва комёбиҳои нав орзумандам.
Иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборак бод!

Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
170










