
Кормандони шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ, ба муносибати Рӯзи касбии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба дидорбинии собиқадорони меҳнати соҳа ва оилаҳои хизматчиёне рафтанд, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҷонфидо шудаанд.
Дар ин дидорбинӣ кормандон аз меҳнати содиқонаи собиқадорон ёдрас шуда, дастгирию эҳтироми хосро ба онҳо баён карданд. Муовини раиси ноҳия аз номи роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорон ва хешовандони хизматчиёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 ва Рӯзи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Гузашта аз ин, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо на танҳо рамзи эҳтиром ба хизматҳои арзанда ва саҳми бебаҳои кормандони соҳа мебошанд, балки намунаи муҳими ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва қадр намудани арзишҳои миллӣ барои насли наврас ба шумор мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз хизматҳои арзандаи кормандони амниятӣ қадрдонӣ менамояд ва чунин дидорбинҳо бо ҳадафи тақвияти иртиботи байни кормандон ва собиқадорон мунтазам баргузор мешаванд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Shamsiddin Khalifaev и ещё 94










