Хабарҳои руз

Мулоқоти Раиси ноҳияи Айнӣ бо ятимони кулл ба муносибати Соли нави мелодӣ

Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо 12 нафар ятимони кулл ва парасторони онҳо мулоқот анҷом дод.
Сипас, бо иштироки ятимони кулл ва наздикони онҳо дар тарабхонаи “Шоми Бухоро” чорабинии идона баргузор гардида, ба ин муносибат дастархони идона ороста шуд. Раиси ноҳияи Айнӣ зимни сухани табрикотии худ иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона муборакбод намуда, ба кӯдакон саломатии бардавом, хониши аъло ва рӯзгори ободу осударо таманно кард.
Раиси ноҳия ятимони куллро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар фазои самимӣ ва дар сари як пиёла чой Равшан Раҳимзода бо кӯдакон ва парасторони онҳо суҳбати озоду дӯстона анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, шароити зист ва раванди таҳсили онҳо пурсон шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ятимони кулл кӯмаки молиявӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.
Ин иқдоми хайрхоҳона бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон буда, дар қалби кӯдакон ҳисси меҳру умед ба фардои некро тақвият мебахшад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

143

Leave a Reply

Back to top button