Хабарҳои руз

Даври ҷамъбастии мусобиқаи футбол дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш, дар майдони варзишии деҳаи Ҳайронбед даври ҷамъбастии мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои футболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ, рӯҳияи рақобати солим ва дӯстию ҳамдигарфаҳмиро ба намоиш гузоштанд. Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ боз ҳам собит намуд, ки он омили муҳими таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастӣ:
Ҷои сеюм насиби дастаи футболи ҷамоати деҳоти Анзоб гардид;
Ҷои дуюм насиби варзишгарони ҷамоати деҳоти Урметан шуд;
Ҷои аввал ва Ҷоми Раиси ноҳияро дастаи футболи ҷамоати шаҳраки Зарафшон сазовор гашт.
Дар маросими ҷамъбаст ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Иштирокчиён ва ташкилкунандагони мусобиқа баргузории чунин чорабиниҳоро дар роҳи ҷалби ҷавонон ба варзиш, таҳкими саломатии ҷомеа ва пешгирии зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории мунтазами чунин мусобиқаҳо гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба рушди варзиш, дастгирии ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 5
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

45

Leave a Reply

Back to top button