Хабарҳои руз

Чорабинии идона дар мактаб-интернати Анзоб

30 декабри соли 2025, дар арафаи ҷашни Соли нави мелодии 2026 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Анзоб ташриф оварда, тарбиятгирандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии соли нав табрик намуд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия таъкид кард, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони мактаб-интернатҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо нишонаи ғамхорӣ ва меҳрубонии падаронаи Сарвари давлат нисбат ба насли наврас мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон, Раиси ноҳия омӯзгоронро вазифадор намуд, ки дар тарбияи дурусти хонандагон, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи онҳо ва азхудкунии донишҳои муосир масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 30 нафар тарбиятгиранда, асосан аз водии Яғноби Ҷамоати деҳоти Анзоб ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассиса бо вуҷуди сардии ҳаво бо шароити хуби зимистонгузаронӣ, аз ҷумла гармидиҳӣ, барқ, ангишт ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра таъмин мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мактаб-интернати назди МТМУ №22-и деҳаи Анзоб соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, дорои синфхонаҳои муосир, хобгоҳи барҳаво, ошхона, китобхона, толори варзишӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзӣ мебошад. Ин муассисаи таълимӣ барои фаро гирифтани хонандагони деҳоти баландкӯҳи ноҳия бо шароити замонавии таълиму тарбия бунёд гардидааст.
Бо дастгирии КФ «Шахтаи Фон–Яғноб» барои тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангии ҷолиб аз ҷониби худи хонандагон манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15

Leave a Reply

Back to top button