Хабарҳои руз

Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар арафаи Соли нави мелодӣ

Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати чандинсолаи собиқадорон ва татбиқи анъанаҳои неки инсондӯстона, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳ бо дигар шахсони масъул дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо собиқадорони меҳнат дидорбинӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат, ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Масъулони мақомоти маҳаллӣ саҳми арзандаи собиқадоронро дар рушду нумӯи ноҳияи Айнӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зикр намуда, онҳоро аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Иброз гардид, ки таҷрибаи ғанӣ ва роҳи пурифтихори зиндагии собиқадорон барои насли ҷавон мактаби ибрат буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад. Ҳамзамон, аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ятимон, камбизоатон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеа ёдоварӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ татбиқи пайгиронаи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллатро идома дода, ба собиқадорон, ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Собиқадорони меҳнат дар навбати худ барои ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айн
и ещё 23

Leave a Reply

Back to top button