
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ собиқадорони меҳнат, инчунин оилаҳои обруманд ва тарбиятгарони фарзандони накӯи ҷомеа аёдат карда шуданд.
Ин ташаббус нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлат ба қишрҳои эҳтиромноки ҷомеа буда, таҷассумгари сиёсати иҷтимоӣ ва адолатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дастгирӣ ва ғамхории чунин оилаҳо боиси ифтихор буда, ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои онҳо дар рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Чунин иқдомҳо аз ҷониби давлат барои собиқадорон ва шахсони шоиста аҳамияти хоса дошта, руҳияи онҳо ва эътимод ба сиёсати иҷтимоии кишварро боз ҳам таҳким мебахшад.





и ещё 6










