Хабарҳои руз

Чорабинии идона бахшида ба Соли нави мелодии 2026 дар маркази ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва ҷамъии васеи сокинон чорабинии идона бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2026 баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ сокинони шарафманди ноҳияро бо фарорасии соли нав самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як шаҳрванд сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дар амалӣ гардидани орзуву ниятҳои неку созанда барору муваффақият таманно намуд.
Зикр гардид, ки соли 2025 барои кишвар ва махсусан барои сокинони ноҳияи Айнӣ соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми диёр гардид. Ба истифода супорида шудани як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ далели равшани рушди устувор, суботи ҷомеа ва баракати қудуми Пешвои маҳбуби миллат мебошад.
Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, иҷрои дастуру супоришҳои Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ, барномаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти ноҳия минбаъд низ барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки тибқи Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдом ҳар як сокини кишварро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифадор месозад.
Дар анҷом, Раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки сокинони заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Айнӣ дар Соли нави мелодии 2026 барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ ва Тоҷикистони маҳбуб талош хоҳанд кард.
Дар доираи чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардида, табъи иштирокчиёнро болида намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 28

Leave a Reply

Back to top button