
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ аз деҳаҳои Вота ва Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдоми сарнавиштсоз ҳар як сокини кишварро ба иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, саҳмгузории фаъолона дар ободии Ватан ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ вазифадор менамояд.
Дар доираи татбиқи ин ҳадафҳо, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, шарикони рушд ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар ҳудуди деҳаҳои Вота ва Ёвон, дар наздикии дарёи Зарафшон бунёди ду ҳавзи амудии бузург барои обёрии зиёда аз 200 гектар замин оғоз гардидааст. Ин иншооти муҳими обёрӣ имконият фароҳам меорад, ки заминҳои нав азхуд карда шуда, гардиши кишоварзӣ васеъ гардида, рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои мазкур дорои иқтидори баланд буда, то фарорасии мавсими киштукори баҳорӣ пурра омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон, таъмини оилаҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва ба бозорҳои калон баровардани маҳсулот мусоидати назаррас хоҳад кард. Имрӯз сокинон ба қадри замин ва неъматҳои табиӣ расида, бо ҷидду ҷаҳди бештар барои бунёди боғҳо, азхудкунии заминҳои нав ва истифодаи самараноки онҳо талош менамоянд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ бунёд ва ба истифода додани 595 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 625 иншооти гуногунсамт мавриди истифода қарор гирифта, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани ин иншоот зиёда аз 800 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки мақомоти иҷроия ва сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Айнӣ аз дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет сафарбар менамоянд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки сокинони ноҳияи Айнӣ бо дили гарму муҳаббати самимӣ ҷиҳати саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида, дар рушди устувор, ободонии Ватан ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми босазои худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 18










