Хабарҳои руз

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ РЕВАДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ УРМЕТАН

Дар шаҳраки Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №39 бо сокинон баргузор гардид. Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда сурат гирифта, ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вазифаҳои афзалиятноки соли 2026 ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Зимни баромади худ Раиси ноҳия таъкид намуд, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдоми муҳим ба таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, боло бурдани обрӯ ва нуфузи давлату миллат ва ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи миллӣ равона шудааст.
Зикр гардид, ки соли 2026 бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва ба ин муносибат дар тамоми кишвар корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ вусъати бесобиқа касб мекунанд. Ба истифода додани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ барои рушди маҳалҳо, беҳтар гардидани инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси ноҳия сокинони шаҳракро даъват намуд, ки ободониро аз оила ва маҳалли зист оғоз намуда, ҳар як шаҳрванд дар доираи имкониятҳои худ дар пешрафти шаҳраки Ревад саҳмгузор бошад. Таъкид шуд, ки ободии ҷомеа аз худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ободии ҳар як оила маншаъ мегирад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, пешгирии хурофотпарастӣ, фарқ гузоштан байни арзишҳои динӣ ва миллӣ, роҳ надодан ба хароҷоти беҳуда ва кӯркӯрона, ки на ба арзишҳои исломӣ ва на ба суннатҳои миллӣ мувофиқанд, аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа арзёбӣ шуд. Ҳамзамон тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, илмдӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ муҳим шуморида шуд.
Равшан Раҳимзода сокинонро ба омӯзиши илму дониш, соҳибмаърифат намудани фарзандон, рушди тафаккури ихтироъкорӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуд. Дар ин замина аз хизматҳои бузургони халқи тоҷик, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Муҳаммад ал-Хоразмӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки маҳз бо ақлу хирад, илм ва дониш миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст.
Инчунин ба рушди соҳаи кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ, бахусус барои сайёҳон ва бозорҳои дохилӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Тақвияти корҳои эҳсонкорӣ, кӯмак ба ниёзмандон ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ҳамчун унсурҳои муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ, ҳама гуна андешаҳои ифротӣ, ҷангандозӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллӣ қатъиян маҳкум буда, роҳи асосии пешрафти ҷомеа танҳо дар иттиҳод, созандагӣ ва меҳнати софдилона ифода меёбад. Сокинони шаҳраки Ревад низ омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ суҳбати озод миёни интихобкунандагон ва вакил баргузор гардида, сокинон ба Равшан Раҳимзода саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон аз ҷониби аҳолии шаҳрак пешниҳод оид ба бунёди маҷмааи варзишӣ ироа гардид. Пас аз муҳокима, якҷоя ҷойи бунёди иншоот муайян карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати маҷмааи варзишӣ 45 сотихро дар бар гирифта, дар он майдончаҳо барои бозии футбол, баскетбол, волейбол, машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дигар инфрасохтори зарурии варзишӣ бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар рӯзҳои наздик оғоз ёфта, он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 21
Back to top button