Хабарҳои руз

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдоми муҳими давлатӣ ҳар як сокини ноҳияро ба иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, саҳмгузории фаъолона дар ободии Ватан ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Дар доираи татбиқи ин ҳадафҳо, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» дар деҳаи Такфон сохтмони Беморхонаи минтақавӣ бо ҷойгиркунонии 21 кат барои сокинони Ҷамоати деҳоти Анзоб идома дошта, ҳамзамон дар ҷойи мактаби кӯҳнаи деҳа Муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъсис дода мешавад. Инчунин, дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Айни замон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ширкати мазкур Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 пурра таъмиру таҷдид гардида, корҳои берунӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Сохтмончиён атрофи муассисаро бо маводи муосир пӯшонида, онро ба талаботи замони муосир мутобиқ мегардонанд. Муассиса бо шароити беҳтарини таълимӣ таҷдид шуда истодааст.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни боздид бо сокинон, шахсони масъул ва сохтмончиён суҳбат ороста, масъулони соҳаи сохтмонро муваззаф намуд, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ истифода баранд. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки бо назардошти шароити иқлимӣ аз маводи ба сармо тобовар истифода намуда, ба иҷрои босифат ва саривақтии корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамзамон, ҳангоми расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳа, Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳар як сокин вазифадор аст хонаю кӯча ва атрофи маҳалли зисти худро тозаю озода нигоҳ дошта, ба таъмиру таҷдид ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосир саҳмгузор бошад. Зикр гардид, ки сокинони ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати шоиста ба харҷ дода, дар рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси ноҳия ҳамчунин иброз дошт, ки мақомоти иҷроия ва сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Айнӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет сафарбар хоҳанд намуд.
Дар идома таъкид гардид, ки бо доштани фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва арзишҳои миллӣ, ҷомеа набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳангҳои бегонаву хатарбор роҳ диҳад. Зикр шуд, ки ҳанӯз чанд сол пеш вобаста ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, соли 2026 ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳамаи сокинон бо иттиҳоду ҳамдилӣ минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбуб, ободии Ватан ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заҳмат хоҳанд кашид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 26

Leave a Reply

Back to top button