
Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон дидан намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳрак як адад Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар назди МТМУ-и №37 бунёд гардида истодааст. Ҳамзамон, сохтмони Муассисаи таҳсилоти томактабӣ, майдончаи варзишӣ ва Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, корҳои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» ва ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» амалӣ мегарданд. Ин иншоотҳо ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси ватандӯстии сокинон мусоидат хоҳанд кард.
Раиси ноҳия дар ҷараёни боздид иброз дошт, ки соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ ба шумор рафта, ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо дар остонаи як ҷашни бузурги миллӣ қарор дорад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои назарраси созандагиро ба анҷом расонида истодаанд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фурсати кам боқӣ монда, зарур аст корҳои созандагӣ боз ҳам вусъат дода шуда, чорабиниҳои ҷашнӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ гарданд. Дар ин раванд ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ пеш аз ҳама хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим намуда, тозаву озода нигоҳ доранд. Ин раванд бояд тамоми қаламрави ноҳияро фаро гирифта, ба як амали ҳамешагӣ табдил ёбад.
Зикр шуд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас бо анҷом додани корҳои нек саҳми худро дар пешрафти давлат ва ободии Ватан гузошта, фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва созандаву бунёдкор будани миллати тоҷикро нишон диҳад. Роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар қариб 35 соли гузашта гувоҳ аст, ки мардуми шарифи кишвар қодир ба анҷоми корҳои бузург буда, Ватани худро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии он ҳамеша омодаанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3










