
Дар оғӯши кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи водии Зарафшон, дар баландии зиёда аз 2700 метр аз сатҳи баҳр, деҳаи биҳиштосои Каздон воқеъ аст — диёре, ки табиати нотакрор, мардуми меҳнатқарин ва фарҳанги бостонии онро ба гӯшаи вижаи Тоҷикистон табдил додааст.
Каздон — деҳаи куҳанбунёдест дар ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ, ки таъриху тамаддуни мардумии худро дар гӯшаи ҳар сангу дараш ҳифз кардааст. Мардуми ин деҳ бо забону урфу одат, бо меҳнату муҳаббат ба замин ва табиат, рӯҳи кӯҳистонии худро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Дар тӯли солҳо сокинони Каздон бо боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ шуғл меварзанд. Аз кӯҳҳо ва чашмаҳои серобаш барои обёрии заминҳо истифода мебаранд. Мегӯянд, ки дар ҳудуди деҳа зиёда аз 350 чашма ва 12 сойи кӯчак мавҷуд аст — шаҳодате аз баракат ва покии ин замин.
Заминҳои сабзу пурмаҳсул, ҳавои софу салқин ва меҳнати мардум ба Каздон шуҳрат бахшидааст. Дар фасли баҳор кӯҳҳо ба гулзор табдил меёбанд, дар тобистон сабзаҳои арчазору фаркакҳо бӯи хос паҳн мекунанд, тирамоҳ бо зарди рӯҳнавозаш диёрро рангин менамояд ва зимистон бо барфҳои сафеду пурҷило ҳамаро ба оромӣ фаро мегирад.
Деҳае бо таърихи зебо ва номҳои рамзӣ
Вожаи “Каздон” таъриху решаи қадима дорад. Тибқи вожашиносӣ, он аз ду қисм — “казд” ва “он” иборат буда, маънои “ҷойгоҳи аҷоиб”, “манзили муъҷиза” ё “сарзамини покӣ”-ро дорад. Ба ҳамин сабаб, мардум онро ҷойи муъҷизаҳои табиат мехонанд — зеро ҳам зебоиву ҳам покиву оромии хос дорад.
Дар деҳа се маҳаллаи асосӣ мавҷуд аст — Бӯстон, Гулистон ва Миёна. Масҷиди қадимаи деҳа, ки соли 1725 сохта шудааст, аз ёдгориҳои таърихии Kazдон ба шумор меравад. Он бо меъмории мардумӣ, айвонҳои чӯбкорӣ ва муҳити маънавии худ то имрӯз нигоҳдорӣ мешавад.
Фарҳанг ва меҳмондорӣ — рукни зиндагӣ
Меҳмондорӣ дар Каздон на танҳо як одат, балки рамзи эҳтиром ва шукргузорӣ аз зиндагист. Ҳар меҳмонро бо нону чой, қурут, ҳалвои хонагӣ ва меҳрубонии беандоза пешвоз мегиранд. Дар фасли тобистон овулҳои баландкӯҳ бо номи Козашах, Пушти Хор, Чуқурак, Мӯлиён, Пунвир, Ғанчол пур аз зебоӣ мешаванд.
Дар ин мавзеъҳо мардум тобистон чорво нигоҳ дошта, аз гиёҳҳои шифобахш, шири тоза, қаймоқ, асал ва маҳсулоти кӯҳистонӣ истифода мебаранд.
Мардуми маърифатпарвар
Каздон зодгоҳи шоири маъруф ва шаҳид Махсум Олимӣ аст, ки бо суханҳои пурҳис ва илҳомбахшаш ба адабиёти тоҷик саҳм гузоштааст. Имрӯз писараш Шаҳриёр Олимӣ ин анъанаро идома дода, дар хонаи падар муҳити илму адабро зинда нигоҳ медорад.
Дар деҳа имрӯз ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Мактаби нави рақами 48 соли 2023 бо дастгирии фарзанди диёр Зубайдулло Зубайдзода сохта шуда, барои таълим ва тарбияи насли нав шароити мусоиди муосир фароҳам овардааст. Ҳамчунин, хонаҳои саломатӣ, китобхона, муассисаи томактабӣ, чойхона, бӯстонсарои истироҳатӣ, нуқтаҳои савдо ва толори варзишӣ фаъоланд, ки аз ободии даврони Истиқлол гувоҳӣ медиҳанд.
Шаршараи Каздон — муъҷизаи табиат
Ҳар нафаре, ки ба Каздон меояд, ҳатман ба дидани Шаршараи машҳури он меравад. Он дар баландии тақрибан 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз дили санги азим ба баландии 150 метр ба замин мерезад. Оби софу мусаффо, садои шуру шари он ва ҳавои поки атрофаш ба кас эҳсоси сукунату таваллуди нав мебахшад.
Манбаи асосии шаршара Ҳавзи Бетаг дониста мешавад, ки дар баландии қариб 4000 метр воқеъ буда, оби он аз пиряхҳои куҳи Арарасанг меояд. Дар байни мардум ин шаршараро бо эҳтироми бузург “Муллошаршара” меноманд — рамзи покӣ ва баракати зиндагӣ.
Даврони Истиқлол — давраи навсозӣ ва рушд
Дар замони соҳибистиқлолӣ Каздон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Роҳҳои мошингард аз нав таъмир мешаванд, мактабҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо шароити муосир таъмин гардидаанд. Мардуми деҳа бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Имрӯз Каздон намунаи зиндагии кӯҳистонӣ, меҳнати ҳалол ва ҳамзистии табиату инсон аст.
Хулоса, Каздон — ин танҳо як деҳа нест, ин рӯҳи зиндаи Зарафшон аст. Дар ҳар чашма ва ҳар сангаш шеъру ҳикмат, меҳр ва покӣ ҷорӣ аст. Табиат ва мардумаш ба ҳам омехта, суруди ҳамзистӣ ва меҳнатро ба гӯши ҳар меҳмон мерасонанд.
Дар ҳақиқат, вақте ба ин гӯшаи биҳиштосо қадам мегузорӣ, эҳсос мекунӣ, ки табиат ва инсон дар ин ҷо ҳамдигарро мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 14
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Саиднур Саидахмедов, Фарход Мусоев и ещё 55










