Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

ФАТМЕВ — ДЕҲАИ ҚАДИМА ДАР КӮҲИСТОНИ ЗАРАФШОН

Фатмев — деҳае кӯҳистон ва орому зебо дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар вилояти Суғд мебошад. Ин деҳа дар доманаи қаторкӯҳҳои водии Зарафшон ҷойгир шуда, табиати мусаффо, чашмаҳои соф, заминҳои сабзпӯш ва фазои ороми деҳотиро дорад.
Аз маркази ҷамоат то Фатмев тақрибан 12 километр ва аз маркази ноҳия — шаҳраки Айнӣ низ тақрибан 12 километр масофа дорад.
Дар гузашта деҳа аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Панҷакент дохил мешуд, аммо тибқи фармони Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 19 августи соли 1963, ба ҳайати ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ шомил гардид.
Таърих ва решаи ном
Зикри қадимтарини номи Фатмев дар Ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ (асри VIII милодӣ) дида мешавад. Ин воқеият нишон медиҳад, ки деҳа беш аз садсолаҳо пеш вуҷуд дошта, шоҳиди давраҳои ташаккули иҷтимоиву фарҳангии ориёинажодон дар водии Зарафшон будааст.
Шакли қадимаи ном дар забони суғдӣ эҳтимол «fatm’wt» ё «patm’wt» буда, аз решаҳои “фат” / “пат” (оғоз, нахустин) ва пасванди маконӣ “-вут” ё “-ев” (ҷой, маҳал) сохта шудааст. Аз ин рӯ, маънои эҳтимолии ном «ҷои нахустин» ё «маҳалли ибтидоӣ» мебошад — ишора ба қадимӣ ва ҷойи аввалин нишастгоҳи инсонҳо дар ин водӣ.
Ёдгориҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ
Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, аз ҷумла Юсуфшоҳ Ёқубов, дар ҳудуди деҳаи Фатмев ва гирду атрофи он осори маскуният ва ёдгориҳои меъмории асрҳои X–XII мавҷуданд.
Яке аз чунин ёдгориҳо — манораи Фатмев мебошад, ки гарчанде қисман хароб гаштааст, то ҳол пораҳои девори гилӣ ва хишти хомаш дар намоёнанд.
Дар маркази деҳа масҷиди қадимие боқист, ки мувофиқи таҳқиқоти муаррихон ба асрҳои XII–XIII мансуб дониста мешавад. Ин бино аз гил ва хишти хом сохта шуда, бо айвонҳои баланд ва даромадгоҳи меъмории маҳаллӣ зеб дода шудааст.
Далелҳои археологӣ ва этнографӣ нишон медиҳанд, ки дар ин маҳал қалъаҳо, кушкҳо, қасрҳо ва мадрасаҳои хурд вуҷуд доштанд, ки ҳоло танҳо аз онҳо нишонаҳо боқӣ мондаанд.
Зиндагии мардум ва урфу одатҳо
Аҳолии деҳаи Фатмев — мардумони меҳнатдӯст, бофарҳанг ва суннатпарастанд. Зиндагии деҳқониву чорводорӣ асоси рӯзгори онҳо мебошад.
Дар фасли баҳор кишти гандум, ҷав, картошка ва лӯбиё оғоз меёбад, тобистон мавсими ҳосилгирист ва тирамоҳ — фасли ҷамъоварии меваҳои кӯҳистон, аз ҷумла олу, себ, зардолу, чормағз ва тут мебошад.
Чорводорӣ низ рушд ёфта, ҳар хонавода чанд сар чорвои калону майда дорад. Гӯшт ва шир, равғани зард ва панири маҳаллӣ на танҳо дар бозори ҷамоат, балки ба ноҳия низ интиқол дода мешаванд.
Дар анъанаҳои мардумӣ меҳмоннавозӣ, маросими суннатӣ, тӯйҳои деҳотӣ, сурудҳои мардумӣ, рақсҳои кӯҳистонӣ ва ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи хос доранд.
Фатмев дар даврони Истиқлоли давлатӣ
Бо фаро расидани давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симои деҳа тағйир ёфт.
Дар солҳои охир бо дастгирии давлат ва мақомоти маҳаллӣ:
Роҳи мошингард то маркази ҷамоат таъмир гардид;
Мактаби таҳсилоти умумӣ аз нав сохта шуда истодааст, дар Дашти Мохак мактаби нав ва синфхонаҳои муосир таъсис ёфтанд;
Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти нав фаъолият мекунад;
Лоиҳаҳои хурди обёрӣ ва таъмини оби нӯшокӣ амалӣ шуданд;
Имрӯз ҷавонони Фатмев дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, дар сохтмон, омӯзгорӣ, тиб ва низоми давлатӣ фаъоланд.
Хулоса, деҳаи Фатмев — на танҳо як нуқтаи ҷуғрофӣ, балки гӯшаи зиндаи таърих аст, ки асрҳо боз бо табиати зебо, мардумони меҳнатдӯст ва фарҳанги бостониаш ном баровардааст.
Он ҳамчун рамзи идомаи ҳаёт дар кӯҳистони Зарафшон, пайванди замонҳои гузашта бо имрӯз, ва намунаи ободии деҳоти тоҷик дар даврони Истиқлол боқӣ мемонад.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 14
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Саиднур Саидахмедов, Джасур Махмудов и ещё 53

Leave a Reply

Back to top button