Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

Испағн — деҳаи баландкӯҳи обод ва таърихии Тоҷикистон

Дар доманахои кӯҳҳои сарбаланди Зарафшон, дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, деҳае воқеъ аст, ки на танҳо бо табиати зебову рӯҳнавоз, балки бо таърихи куҳан, мардуме бофарҳанг ва талошҳои пайвастаи ободонӣ маъруф аст. Ин деҳа Испағн ном дорад, ки яке аз деҳаҳои кӯҳистони ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад.
Таърихи куҳан ва шинохти маъмурии Испағн
Бар тибқи маълумоти таърихии соли 1905, Испағн ҳамчун як деҳаи сернуфуз дар ҳайати волости Фалғари вилояти Самарқанди Туркестони Рус шомил буд. Он вақт Испағн дар ҳайати ҷомеаи деҳоти Варзи Манор қарор дошт ва номаш дар ҳуҷҷатҳои расмии даврони подшоҳии рус бо шакли Испаганъ (Ispaghn) сабт ёфтааст.
Ин минтақа, ки дар қатори деҳаҳои таърихие чун Искодар, Хушекат, Куруд, Зиндакон, Варзи Манор, Сангистон ва Рарзу Вешабу Шаватку Шамтуч иҳота шудааст, дар гузашти таърих ҳамчун маркази фарҳангии баландкӯҳи Фалғар шинохта мешуд. Урфу одат, шеваи гуфтор, либоспӯшӣ, суннатҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии мардум то имрӯз бозмондагони асрҳои гузаштаанд, ки дар ниҳоди насли имрӯзаи Испағн зиндаанд.
Ободониҳо дар даврони Истиқлол
Бо оғоз гардидани даврони Истиқлоли давлатӣ ва хосатан, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, деҳаи Испағн чун дигар гӯшаҳои кишвар ба як марҳалаи нави рушд ворид шуд. Имрӯз, Испағн намунаи равшани сиёсати хирадмандонаи давлат ва иродаи боақлу бофарҳанги мардум аст.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пули мошингузари назди деҳаи Испағн, ки бо талош ва маблағгузории шахсони саховатпеша мавриди навсозӣ ва истифода қарор дода шуд. Ин пул на танҳо роҳро байни деҳа ва маркази ҷамоатӣ васл кард, балки алоқаи иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро байни ҳам тақвият бахшид.
Маориф – пояи маърифат
Бунёд ва навсозии Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №61-и деҳаи Испағн яке аз дастовардҳои муҳими ин деҳа дар солҳои охир ба шумор меравад. Пештар мактаби деҳа шароити кофӣ надошт ва хонандагони синфҳои болоӣ маҷбур буданд дар деҳаи Гузари Бод таҳсил кунанд. Имрӯз, бо бунёди 4 синфхонаи нав, ошхонаи муҷаҳҳаз ва майдони варзишӣ, мактаб ба маркази илму маърифат ва тарбияи насли нав табдил ёфтааст.
Ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли асосии аҳолӣ
Мардумони Испағн, бо вуҷуди зиндагӣ дар шароити сахти кӯҳистон ва дар баландӣ ҷойгир гаштанаш, ҳамеша бо меҳнат, ҳунар ва иродаи қавӣ шинохта мешуданд. Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, сандуқтарошӣ, қуроқдӯзӣ ва кандакории чӯб, то ҳол дар байни бонувону мардони деҳа роиҷ аст. Ҳамчунин, кишоварзӣ, боғпарварӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ ҳамчун манбаи асосии рӯзгор ва рушди иқтисодӣ хизмат мекунанд.
Испағн бо боғҳои зардолу, себу гелосу чормағз машҳур аст. Дар фасли баҳору тобистон деҳа бо шукуфоии табиӣ ва ҳосили фаровон ба як макони ҷаззоби сайёҳӣ табдил меёбад.
Ҷашнҳо ва маросимҳои анъанавӣ
Сокинони Испағн урфу одати аҷдодиро ба хубӣ ҳифз кардаанд. Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва маросими суннатии тоҷикӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар маркази деҳа баргузор мегарданд. Барои ҳамин, дар маркази деҳа як майдони ҷамъиятӣ барои баргузории чунин чорабиниҳо бунёд ва таъмир гардид, ки ҳамчун нуқтаи гирдиҳамоии мардум хидмат мекунад.
Фарзандони фарзона ва саҳми онҳо
Дар рушди деҳа нақши шахсони ватандӯсту фарзандони бонангу номуси Испағн калон аст. Бисёре аз онҳо, гарчи берун аз деҳа зиндагӣ мекунанд, дар лоиҳаҳои иҷтимоиву инфрасохторӣ бо дили кушоду дасти сахо саҳм мегузоранд. Онҳо ба деҳаи худ ҳамчун муқаддастарин гӯшаи Ватан менигаранд.
Хулоса, Испағн як намунаи равшани заҳмат, ватандӯстӣ ва устувории фарҳанги миллӣ дар шароити кӯҳистон аст. Таърих, суннат, меҳнат ва иродаи сокинони он бо равшанӣ ва эҳтиром дар сафаҳоти имрӯзи давлатдории миллӣ ҷой гирифтааст. Бовар аст, ки бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлат ва пуштибонии мардум, Испағн ба яке аз гӯшаҳои боз ҳам зеботар, ободтар ва шукуфотари Тоҷикистони маҳбубамон табдил хоҳад ёфт.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 5
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Фарход Мусоев, Джасур Махмудов и ещё 42

Leave a Reply

Back to top button