Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

Деҳаи Зиндакон — ганҷи таърихӣ ва фарҳангии музофоти Варз

Ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофӣ
Деҳаи Зиндакон яке аз деҳаҳои қадимаи Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ноҳияи Айнӣи вилояти Суғд буда, дар баландии тақрибан 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз деҳа то маркази ҷамоат ва то маркази ноҳия ҳамагӣ 11 километр роҳ аст. Табиати он кӯҳистонӣ буда, деҳа дар оғӯши доманаҳои сабз ва кӯҳҳои азим иҳота шудааст.
Дар болооби деҳа, дар мавзее бо номи Сари об, чашмаи зери заминӣ мебарояд, ки баъд ба сойи пуроб мубаддал мегардад. Ин сойи Зиндакон манбаи асосии оби ошомиданӣ ва обёрии на танҳо сокинони Зиндакон, балки деҳаҳои Куҳрӯд, Дашти Ҳаштсар, ва деҳаи Айнӣ (Варзи Манор) мебошад. Аз оби ин сой заминҳои киштӣ ва боғҳои ин минтақа обёрӣ карда мешаванд.
Таърихи пайдоиш ва номгузорӣ
Номи деҳа — «Зиндакон» — решаи ҷолиб ва рамзӣ дорад. Бархе муҳаққиқон эҳтимол медиҳанд, ки он аз вожаи «зинда» (ҷон, ҳаёт) ва пасванди форсӣ-тоҷикии «кон» (ҷойи будани чизе) бармеояд, яъне «ҷойи зиндагон», «макони ҳаёт».
Дар манобеи таърихии асри XIX деҳа бо ҳамин ном зикр шудааст. Дар асари М.М. Вирский «Список населенных мест Самаркандской области» (1906) деҳаи Зиндакон ҳамчун маҳалли аҳолинишин бо заминҳои корам ва боғҳои зиёд ном бурда шудааст. Он замон аҳолии деҳа 200–300 нафарро ташкил медод ва қисми зиёди мардуми он ба чорводорӣ ва боғдорӣ машғул буданд.
Мазори Хоҷаи Муродбахш — ёдгории муқаддас ва фарҳангӣ
Дар даромадгоҳи деҳа, дар доманаи кӯҳ, мазори Хоҷаи Муродбахш ҷойгир аст — зиёратгоҳи маъруфи мардумӣ, ки таърихи чандинсола дорад. Дар гузашта ин макон бо номи Хоҷа Усмони Сағир маъруф буд. Гуфта мешавад, ки мардуме, ки ба зиёрати он меомаданд, ба муроду мақсади худ мерасиданд, ва аз ҳамин сабаб мардум ба эҳтироми ӯ онро «Хоҷаи Муродбахш», яъне «Хоҷа, ки мурод мебахшад» номиданд.
Дар наздикии деҳа осоре вуҷуд дорад, ки касе ёд надорад он чӣ ва кай сохта шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ин осор манора ва ё қалъа будааст..
Имрӯз ҳам ин мазор яке аз ҷойҳои муқаддаси ноҳия ба ҳисоб меравад ва ҳамасола дар рӯзи иди саиди Фитр, Қурбон, инчунин дар Наврӯз мардум барои дуо ва зиёрат ба ин ҷо меоянд. Мазор на танҳо рамзи имон, балки як ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ низ мебошад.
Дашти Ҳаштсар (Дашти Чисар)
Дар поёнтари деҳа, дар самти ғарб, мавзее мавҷуд аст бо номи Дашти Ҳаштсар, ки дар асрҳои пешин онро Дашти Чисар ё Дашти Ҳасар меномиданд. Тибқи навиштаҳои манобеи асри XIX, дар он ҷо деворҳои сангини бо санги қайроқ сохташуда дида мешуданд, ки эҳтимол ба замонҳои қадим тааллуқ доранд.
Дар Дашти Ҳаштсар заминҳои корам ва боғҳои зиёд мавҷуд будаанд. Он вақт оби сойи Зиндакон тавассути ҷӯйбор аз он мавзеъ гузашта, киштзорҳои Варзи Манор ва Дашти Ҳаштсарро обёрӣ мекардааст.
Имрӯз, дар пайи зиёд шудани аҳолӣ, дар Дашти Ҳаштсар хонаҳои нав бунёд гардидаанд ва мардум заминҳои худро тавассути қубури асосии оби Зиндакон обёрӣ мекунанд. Ҳоло ин мавзеъ ба Ваҳдатобод номгузорӣ карда шуда, мавқеи деҳаро ба худ касб кард.
Ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Аз замонҳои қадим то имрӯз сокинони Зиндакон ба чорводорӣ, боғдорӣ ва зироатпарварӣ машғуланд. Замини корам асосан аз оби сой обёрӣ мешавад.
Урфу одат ва ҷашнҳои мардумӣ
Мардуми Зиндакон суннатҳои қадимии тоҷиконро бо эҳтиром ҳифз намудаанд. Ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, Иди саиди Фитр ва Қурбон бо шукӯҳ таҷлил мегарданд.
Дар рӯзҳои ид, мардум ба мазори Хоҷаи Муродбахш рафта, дуо мекунанд, гӯштини миллӣ, суруд ва рақсу бозӣ баргузор мешавад. Ҳунарҳои мардумӣ — мисли дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, сохтани асбобҳои чӯбӣ — то ҳол миёни занону мардони деҳа маъмул аст.
Зиндакон дар адабиёт ва шеъру мадҳия
Шоирони маҳаллӣ ва нависандагон деҳаи Зиндаконро ҳамчун диёри биҳиштмонанд ёд мекунанд. Дар шеъри зикршуда чунин омадааст:
Чӣ хуш монанди биҳишт ман диёри Зиндакон дорам,
Ба васфат мисли булбулон ғазал хонам, Зиндаконам…
Ин байт эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва муҳаббати бепоёни сокинонро ба диёри худ инъикос мекунад.
Хулоса, деҳаи Зиндакон — на танҳо як маҳалли аҳолинишини кӯҳистонӣ, балки маркази таърих, фарҳанг ва табиати нотакрори музофоти Варз аст.
Бо чашмаҳои зебо, мазори Хоҷаи Муродбахш, боғҳои сабзу токзорон, ва мардумони меҳнатдӯсту меҳмоннавоз, Зиндакон метавонад ҳамчун намуди зиндаи фарҳанги кӯҳистонии тоҷикон ва ёдгории зиндаи таърихи водии Зарафшон арзёбӣ гардад.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 9
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Ғаффоров Синоҷон и Khusrav Kurbonov

Leave a Reply

Back to top button