Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

Кӯҳрӯд — деҳаи куҳанбунёду фарҳангпарвари ноҳияи Айнӣ

Кӯҳрӯд (ё Куруд) яке аз деҳаҳои бостонӣ ва фарҳангии ноҳияи Айнӣ буда, дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ, дар масофаи 8 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Деҳа дар доманаи кӯҳҳои зебоманзари Туркистон, дар соҳили сойи Зиндакон воқеъ гардидааст. Аҳолии он асосан тоҷиконанд, ки ба зироаткорӣ, боғдорӣ ва ҳунармандӣ машғуланд.
Таърихи бостонӣ ва решаи ном
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, номи деҳа шакли қадимаи *Куруд* дошта, эҳтимол аз вожаҳои «кӯҳ» ва «рӯд» (яъне кӯҳ ва рӯд) бармеояд, ки маънои умумии он «ҷое миёни кӯҳ ва канори рӯд» мебошад.
Аммо бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки решаи калима аз вожаи соғдиёнаи “krwt(h)”, ки маънои «рудниковая гора» ё «кӯҳе, ки маъдан дорад»-ро дорад, сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, номи Кӯҳрӯд метавонад ба маънои «кӯҳи маъданӣ» низ бошад. Зеро, тамоми кӯҳсори ноҳияи Айнӣ пур аз маъдану дигар канданиҳои фоиданок мебошад.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, аниқтараш дар «муғские документы» (асри VIII) гуфтан мумкин, ки таърихи ном ва вуҷуди ин деҳа ба зиёда аз 13 аср пеш мерасад, ки далели умри бостонии он аст.
Тамаддун ва ёдгориҳои қадима
Дар қаламрави деҳаи Кӯҳрӯд як сутуни аз ҳазорсола зиёд ёфт шудааст, ки айни ҳол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад. Ин ёдгорӣ аз вуҷуди тамаддуни қадим ва сатҳи баланди фарҳангии мардуми ин минтақа шаҳодат медиҳад.
Кӯҳрӯд дар тӯли таърих маркази зиндагии деҳқонон, боғпарварон ва ҳунармандон будааст. Мавзеи Майни Кӯҳрӯд ҷойи кишоварзии аҳолӣ, ва мавзеи Посарот макони боғҳои зебои мардум маҳсуб меёбад.
Ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ
Ҳанӯз дар давраи шӯравӣ Кӯҳрӯд дар ҳайати колхози ба номи Я.М. Свердлов шомил буд. Сокинон асосан бо тамокукорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ машғул буданд. Заминҳои кишт аз рӯди Зиндакон обёрӣ мешуданд. Дар деҳа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, клуб, пункти тиббӣ ва устохонаи дуредгарӣ фаъоланд.
Имрӯз низ деҳқонони Кӯҳрӯд бо нигоҳ доштани суннатҳои аҷдодӣ, ба парвариши меваҳои хуштаъм, маҳсулоти полезӣ ва ширӣ машғуланд. Онҳо дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Чаноқ бозорчаи хурди маҳсулоти худиро ташкил додаанд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва даромади хонаводагӣ саҳми назаррас дорад.
Инфрасохтор ва рушд
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Кӯҳрӯд ба таври назаррас рушд ёфтааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ як қатор корҳои ободонӣ анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла:
* Роҳи байни деҳаҳои Кӯҳрӯд, Зиндакон ва Дашти Ҳаштсар таъмир ва баъзе ҷойҳояш бетонпӯш карда шуд;
* Бунгоҳи нави тиббӣ бо таҷҳизоти муосир бунёд ёфта, сокинони деҳа ба хизматрасонии беҳтари тиббӣ дастрасӣ доранд;
* Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32 аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳои фаннӣ ва шароити замонавии таълим дорад.
Бо ташаббусҳои дастаҷамъона ва ҳисси баланди ватандӯстии сокинон, имрӯз Кӯҳрӯд ба яке аз деҳаҳои намунавии ноҳияи Айнӣ табдил ёфтааст.
Ҳунару фарҳанг
Кӯҳрӯд аз қадим ба ҳунар ва мусиқӣ шӯҳрат доштааст. Аз ин диёри фарҳангпарвар Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи машҳур ва ифтихори миллати тоҷик, бархостааст.
Ҳунари мусиқӣ, ашъори халқӣ, ривоҷ додани ҳунарҳои суннатӣ — монанди дуредгарӣ, бофандагӣ ва боғпарварӣ — то имрӯз миёни аҳолии Кӯҳрӯд зинда нигоҳ дошта мешаванд.
Кӯҳрӯд — нишонаи пайванди таърих ва имрӯз
Деҳаи Кӯҳрӯд намунаи равшани ҳамзистии суннату навоварӣ аст. Аз як сӯ, он таърихи беш аз 1300-сола дорад, аз сӯи дигар, бо ташаббусҳои созандагони имрӯзӣ ба як маркази зебои деҳотии муосир табдил ёфтааст.
Мардуми ин деҳа бо меҳнати ҳалол, ҳисси баланди ватандорӣ ва фарҳанги волои миллӣ на танҳо таърихи бостонии худро ҳифз кардаанд, балки ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳои моддиву маънавӣ боқӣ мегузоранд.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 17
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Каздони Рахмонзода

Leave a Reply

Back to top button