Хабарҳои руз

Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ дидбонгоҳи нав бунёд мегардад

Дар доираи сиёсати башардӯстона ва амниятноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти таҳкими бехатарӣ ва ҳифзи осоиштагии шаҳрвандон дар кишвар, субҳи имрӯз, 24-уми октябри соли 2025, дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ба сохтмони дидбонгоҳи муосири алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ санги асос гузошта шуд.
Дар маросими гузоштани хишти аввали ин иншооти муҳими амниятӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони Қисми мустақили 64-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Айнӣ, фаъолони ҷомеа ва сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан иштирок намуданд.
Мувофици Лоиҳа бинои дидбонгоҳ бо шароити замони муосир бархурдор гардида, дорои бинои маъмурӣ, нуқтаи беҳдошти санитарӣ, майдони омодагӣ ба машқҳои ҳарбӣ, бинои гузаргоҳи назоратӣ, ҳавзи об, ҷойҳои нишасту истироҳат, ҳамчунин Мошинсарой ва утоқҳои кории радиоалоқачӣ, нозир ва сардори баст хоҳад шуд. Дар ошёнаи дуюм бошад, толори маҷлис, ошхона, утоқи котибот ва дигар ҳуҷраҳои хизматӣ ҷойгир карда мешаванд.
Бо ба истифода додани иншооти мазкур 18 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд, ки ин як қадами муҳиме дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи сохтмони дидбонгоҳ аз ҷониби Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш” таҳия гардида, фармоишгари он Қисми мустақили 64-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Айнӣ, мебошад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханрониаш таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаҳои кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Ӯ афзуд: “Ҳар як иншооти бунёдшуда нишонгари амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти таҳкими субот, амният ва зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. Мо бояд бо масъулияти баланд ҳар як корро бо сифат ва дар сатҳи талаботи замон анҷом диҳем”.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз сохтмончиён даъват ба амал овард, ки дар иҷрои корҳо ба сифати баланди сохтмон, тарҳи зебо ва мутобиқати он ба меъёрҳои муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоиву амниятӣ шаҳодати равшани татбиқи сиёсати амниятофар ва мардумсолоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи маҳаллӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 11

Leave a Reply

Back to top button