
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таҳкими сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз муассисаҳои фарҳангии деҳаи Вешканди Ҷамоати деҳоти Урметан дидан намуд.
Дар ҷараёни боздид роҳбари ноҳия бо шароити клуб ва китобхонаи деҳа аз наздик ошно гардида, бо кормандони соҳа суҳбати судманд анҷом дод. Зимни суҳбат Раиси ноҳия ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ғанӣ гардондани фонди китобхона бо китобҳои нави бадеӣ ва илмӣ, инчунин беҳтар намудани шароити корӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан дар деҳот, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву маънавии кишвар мешуморад. Дар солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи давлат ва ҳукумат, дар деҳоти ноҳияи Айнӣ сохтмони як қатор муассисаҳои нави фарҳангӣ ва таъмиру навсозии иншоотҳои мавҷуда ба роҳ монда шуда, сатҳи хизматрасонӣ ва шароити кории фарҳангиён назаррас беҳтар гардидааст.
Аз ҷониби кормандони соҳаи фарҳанги деҳа иттилоъ дода шуд, ки пас аз роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таваҷҷуҳи аҳолӣ ба китобхонӣ, суруду мусиқӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ зиёд гардидааст. Бар асоси маълумоти масъулон, дар муқоиса бо панҷ соли пеш шумораи аъзои китобхона чандин маротиба афзоиш ёфтааст.
Раиси ноҳия бо дарназардошти нақши фарҳанг дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба масъулони соҳа дастур дод, ки ҷиҳати зиёд намудани шумораи китобҳои бадеӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ, инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки барои таъмир ва таҷдиди муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот нақшаи мушаххас таҳия ва амалӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 7










