Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дар, як қатор корҳои ободкорию бунёдкорӣ ва тадбирҳои рушди истеҳсолот амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи ин иқдомҳои созанда як зумра корхонаҳои хурду бузург ба фаъолият оғоз намуда, саҳми арзанда дар пешрафти иқтисодии минтақа гузошта истодаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва фаъолияти истеҳсолот аз корхонаи нави истеҳсоли хишти сементӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дар фаъолият дорад, боздид ба амал овард.
Ин корхона аз ҷониби сокини маҳаллӣ Шошариф Шарифов, сокини деҳаи Искодар таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ тавонистааст ба фаъолияти пурсамар оғоз намояд. Айни замон дар ин муассисаи истеҳсолӣ се нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Фаъолияти корхона, бо дарназардошти шароити иқлимӣ, мавсимӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли хишти босифати сементӣ дар асоси талаботи бозор амалӣ мегардад.
Зимни боздид Раиси ноҳия бо кормандон ва масъулини корхона суҳбат намуда, ташаббуси соҳибкорро дар самти ташкил ва ба роҳ мондани чунин як корхонаи муҳими истеҳсолӣ шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд. Вай таъкид кард, ки рушди соҳаи истеҳсолот ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳим дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба роҳбар ва кормандони корхона барои саҳми арзандаашон дар рушди иқтисодии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 3

Leave a Reply

Back to top button