Бахши дин

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Мувофиқи ҳисоботҳо дар се моҳаи аввали соли 2024, 202 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 166 адад тӯи арӯсию домодӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 166 сар чорвои хурд бо хароҷоти умумии 1 миллиону 433,5 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Инчунин 36 адад маросимҳои азодорӣ, аз он 25 адад чил ва 11 адад сол (бехӯрок) баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 амали қонуншиканӣ барои риоя накардани моддаҳои 9, 10 ва 11 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани мақсаду моҳияти Қонуни мазкур ва пешгирии чорабиниҳои серхараҷот 16 маротиба суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида шудааст.

Back to top button