Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

Деҳаи Кум ва Қалъаи Муғ: Ҳазорсолаҳо дар дили кӯҳистон

Деҳаи Кум, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, яке аз он маконҳои нодири Тоҷикистон аст, ки дар худ таърих, тамаддун, табиат ва фарҳанги бойи мардумиро ҳамзамон таҷассум мекунад. Бо мавқеи ҷуғрофии хос, таърихи бостонӣ ва захираҳои фарҳангию инсонӣ, Кум на танҳо як деҳаи оддӣ, балки маркази муҳими таҳқиқотҳои таърихӣ, мероси ниёгон ва рушди навини деҳотӣ дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон гардидааст.
Деҳаи Кум дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашида ҷойгир аст. Аз маркази ҷамоат, деҳаи Дар-Дар 15 км ва аз маркази ноҳияи Айнӣ 27 км масофа дорад. Роҳ то деҳа мошингард аст, ки иртибот бо ноҳия ва вилоятро таъмин менамояд.
Аҳолии деҳа тибқи омори соли 2025 аз 284 хоҷагӣ иборат буда, аҳолиаш 1599 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолӣ аз миллати тоҷик буда, шояд аз наслу насаби суғдиён ва хешовандони шоҳ Деваштич бошанд, ки инро ҷойгиршавӣ ва иртиботи таърихии деҳа бо қалъаи Муғ тасдиқ мекунад. То имрӯз дар рафтор, гуфтор ва шуури мардуми деҳа ғурури тоҷикӣ ва хотираи таърихи суғдӣ эҳсос мешавад.
Соҳатҳои асосии хоҷагии мардум ғаллакорию боғпарварӣ ва чорводорӣ мебошанд. Бо истифода аз заминҳои кӯҳӣ ва алафзорҳои табиӣ, мардуми деҳа ба парвариши зироат ва нигоҳдории чорвои майдаву калон машғуланд. Дар деҳа устохонаҳои оҳангарию дуредгарӣ, таъмири пойафзол, чойхона, мағоза, мактаби миёна, клуб, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд, ки аз сатҳи муайяни худидоракунии иҷтимоии деҳа шаҳодат медиҳанд.
Ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ ва кулолгарӣ дар Кум на танҳо ҳамчун василаи рӯзгор, балки ҷузъи мероси фарҳангии мардум ба ҳисоб мераванд.
Қалъаи Муғ — шаҳодати таърихи кӯҳан
Қалъаи Муғ, воқеъ дар доманакӯҳҳои назди деҳаи Кум, дар масофаи наздик ба деҳа ва дар баландии зиёда аз 2000 метр ҷойгир аст. Ин қалъа яке аз муҳимтарин ёдгориҳои давлати шоҳигарии Суғд ба шумор меравад. Тибқи таҳқиқоти бостоншиносӣ, қалъа ба асрҳои VII–VIII рост меояд ва ба шоҳи суғд Деваштич тааллуқ доштааст. Он ҳамчун қалъаи ҳарбӣ барои муқовимат бо халифаҳои араб бунёд ёфтааст.
Қалъа аз ду қисм ва 35 бино иборат буда, 25-тои он таҳқиқ шудааст. Деворҳои мустаҳкам, ки дар баъзе ҷойҳо то 14 метр паҳноӣ доранд, гувоҳи аҳамияти стратегӣ доштани ин қалъа мебошанд. Мавқеи ҷуғрофии он имкони назорати водиҳои атрофро фароҳам мекард.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ ва аҳамияти илмии он
Кофтукоби аввалини қалъа дар ибтидои асри XX аз ҷониби О. И. Смирнова оғоз шуд. Минбаъд бо роҳбарии олимон чун А. Ю. Якубовский, Фрейман, Б. Я. Ставитский ва Ю. Якубов корҳои бостоншиносӣ босамар идома ёфтанд.
Миёни бозёфтҳо:
74 ҳуҷҷати хаттӣ, ки бо хати суғдӣ навишта шудаанд;
Ашёҳои рӯзгор аз чӯб, пӯст, шиша, оҳан ва санг;
Тангаҳои нуқрагин ва мисин, аз ҷумла марбут ба шоҳони Тархуна, Гурека ва Чикин-Гур;
Ҳуҷҷати ақди никоҳи Дугдонча ва Намимонча, ки яке аз нодиртарин ёдгориҳои ҳуқуқии он замон ба ҳисоб меравад;
Аслиҳа ва анбори захираи ҳарбӣ.
Аксари ин бозёфтҳо имрӯз дар Осорхонаи Эрмитаҷи Санкт-Петербург нигоҳдорӣ мешаванд ва барои омӯзиши таърихи давлати Суғд ва муқовиматҳои миллии тоҷикон аҳамияти баланд доранд.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон деҳаи Кум рушду нумӯи нав касб намудааст. Сохтмони роҳҳо, беҳтар шудани дастрасӣ ба барқ ва оби нӯшокӣ, бозсозии муассисаҳои иҷтимоӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ боиси таҳкими ҳаёти фарҳангию иқтисодии мардум гардиданд. Имрӯз Кум бо муаррифии худ ҳамчун як маркази мероси таърихӣ, донишгоҳ табиӣ ва макони муҳими сайёҳӣ дар вилояти Суғд шинохта мешавад.
Дар баробари ин, аз ин деҳа олимону зиёиён, нависандагон, омӯзгорони маъруф, ва мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ баромадаанд, ки дар рушди илму фарҳанги Тоҷикистон саҳми арзанда доранд.
Кум ва қалъаи Муғ танҳо нишонаҳои гузашта нестанд — онҳо пайванди зиндаи имрӯз бо таъриханд. Мероси ниёгон, муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Суғд, ақлонияти баланди аҷдод ва рушди муосири деҳа якҷо собит мекунанд, ки мардуми ин минтақа аз решаҳои куҳан ва пояҳои устувори таърихӣ бархӯрдоранд. Кум имрӯз низ, мисли ҳазорсолаи пеш, шоҳиди зиндаи тамаддуни тоҷик аст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 15
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Фарход Мусоев, Naim Rasulov и ещё 32

Leave a Reply

Back to top button