
Деҳаи Дар-Дар яке аз кӯҳантарин ва зеботарин деҳаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ҷойгир мебошад. Ин деҳаи қадимӣ на танҳо дорои таърихи беш аз 2500-сола аст, балки то имрӯз бо фарҳангу забон, масҷиди бостонӣ ва ҳунарҳои мардумии худ зиндаву пӯё мондааст.
Мавқеи ҷуғрофӣ ва аҳолӣ
Дар-Дар дар канори ҷанубии қаторкӯҳҳои Туркистон, дар соҳили дарёи Зарафшон, тақрибан 12 км дуртар аз маркази ноҳияи Айнӣ воқеъ аст. Аз маркази деҳа роҳи автомобилгард, ки шаҳрҳои Душанбе ва Самарқандро мепайвандад, мегузарад. Ин роҳ яке аз кӯтоҳтарин ва муҳимтарин шоҳроҳҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Бар асоси маълумоти омории соли 2025, дар деҳа 394 хоҷагӣ ва 2245 нафар аҳолӣ ба сар мебаранд, ки аз ин шумора 1131 нафар мард ва 1114 нафар зан мебошанд. Ба ҷамоати деҳоти Дар-Дар инчунин деҳаҳои Искодар, Зеробод, Кум, Хайробод ва Новдонак шомиланд.
Таърих ва маънои ном
Номи “Дар-Дар” решаҳои хеле қадима ва суғдӣ дорад. Тибқи таҳқиқоти донишманд Абдуҳамид Тағоев, ин ном аз калимаи суғдии «δr» маънояш «зер», «пойин» ва пасванди «trh» (қиёсӣ) гирифта шудааст, ки якҷо маънои «поёнӣ» ё «деҳаи зер» медиҳад. Ин номгузорӣ бо ҷойгиршавии ҷуғрофии деҳа — дар поёноби кӯҳҳо ва канори дарё — пурра мувофиқ аст.
Деҳаи Дар-Дар ба давраҳои қадима, тахминан асрҳои VII–VIII мансуб буда, ба ҳудуди собиқ музофоти таърихии **Фалғар**, **Бутамон** ва **Давлати Панҷ** тааллуқ дошт. Дар он давраҳо ин макон яке аз роҳҳои муҳими тиҷоратӣ (Роҳи Абрешим) ба шумор мерафт.
Фарҳанг ва мероси меъморӣ
Дар маркази деҳа масҷиди таърихии Дар-Дар ҷойгир аст, ки қиматтарин гавҳари фарҳангии ин диёри куҳан мебошад. Масҷид дар охири асри XIII ва ибтидои асри XIV сохта шуда, пас аз обхезии соли 1855 осеб дид ва соли 1858 бо заҳмати устоёни моҳир аз Уротеппа, махсусан усто Қирғиз, аз нав бунёд гардид.
Масҷид аз чор хона ва ду айвони барҳаво иборат аст, ки бо услуби махсуси меъморӣ — бе саҳн, бо панҷараҳои чӯбӣ ва нақшу нигори нодир сохта шудааст. Устоҳое чун Мирҳаким, Мирумар ва Мирусмони Истаравшанӣ дар сохт ва ороиши он саҳми бузург гузоштаанд. Дар солҳои охир, дар доираи Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ (2021–2025), масҷид пурра таъмир шуда, имрӯз маркази маънавии деҳа ба шумор меравад.
Зиндагии мардум ва ҳунарҳои анъанавӣ
Сокинони Дар-Дар асосан ба деҳқонӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Боғҳои сарсабзу пурмеваи себу зардолу, гелос ва тут на танҳо воситаи рӯзгор, балки манзараи зебову нотакрори кӯҳистонанд. Нисфи заминҳои ин мардум дуртар аз деҳа низ ва дар тагоби Дар-Дар ҷойгир гаштааст.
Дар деҳа ҳунарҳои анъанавӣ мисли кӯзагарӣ, сабадбофӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ ва нонпазии хонагӣ ривоҷ доранд. Духтарон ва занони деҳа дар ҷашнҳои миллӣ бо либосҳои сӯзанидӯз ва гулдӯзишуда ҳунари модарону бибиҳои худро намоиш медиҳанд.
Ҷашнҳои фарҳангӣ ва эҳтиром ба шахсиятҳо
Соли 2025, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ — муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон — дар ноҳияи Айнӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Конференсияи илмӣ-адабии “Диёри арҷманди мо” бо иштироки зиёиён ва муҳаққиқон баргузор гардида, саҳми устод Гулназар Келдӣ, ки зодаи ҳамин деҳаанд, дар адабиёт баррасӣ шуд.
Хонаи фарҳанг — ки дар замони Шӯравӣ клуб буд — пурра навсозӣ шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва он номи устод Гулназар Келдиро гирифт.
Дар-Дар — танҳо як деҳаи оддӣ нест, балки рамзи таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ аст. Аз масҷиди 700-солаи он то ҳунари зебои мардумӣ, аз роҳи қадимаи абрешим то шоирону устоҳои маъруф — ҳама гувоҳанд, ки ин деҳаи кӯҳистон як фасли зиндаи фарҳанги тоҷикон мебошад.
Имрӯз Дар-Дар ҳамчун мактаби ватандӯстӣ – “Диёри Арҷманд”, манбаи маънавият ва намунаи зебоии табиӣ мавқеи хос дорад ва сазовори арҷгузорӣ, ҳифз ва рушди ҳамаҷониба аст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 8
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Furuzon Boymatov, Ramizgon Muhammabiev и ещё 28