
Шаватки Боло яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва зебоманзари ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мебошад. Дар қатори деҳаҳои кӯҳистонии дорои таърихи тӯлонӣ, Шаватки Боло ҷойгоҳи арзанда ва шинохтаи худро нигоҳ доштааст. Аз ин деҳа то маркази ҷамоат 15 километр ва то маркази ноҳия 40 километр роҳ аст.
Таърих ва маънои ном
Номи «Шаватк» реша дар забони суғдӣ дорад (š’wtkh), ки маънояш «ҷои сиёҳ» ё «деҳаи сиёҳ» аст. Тибқи ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ, ин ном ҳанӯз дар асри VIII зикр гардидааст. Беш аз 13 аср боз ин маҳал бо ҳамин ном шинохта шудааст. Дар он замон ҳокими деҳа шахсе бо номи фрамандар Утта будааст, ки ба ҳокимияти суғдии Деваштич итоат доштааст.
Дар асрҳои минбаъда, Шаватки Боло ба ҳайати бекнишини Фалгар дохил мегардад, ва дар давраи ҳукумати подшоҳии Русия (асри XIX) ба волости Рарзи Самарқандӣ шомил мегардад.
Ҷойгиршавӣ ва табиат
Деҳа дар доманаи сабзу зебои кӯҳҳои Зарафшон ҷой гирифта, табиати он аз зеботарин гӯшаҳои минтақа ба шумор меравад. Аз ин ҷо манзараҳои афсонавӣ — қуллаҳои барфпӯш, дараҳои тангу пурчашма, сабзаҳои муаттар ва боғҳои мевадиҳанда намоёнанд. Баландии деҳа аз сатҳи баҳр тақрибан 2000 метр мебошад.
Дар фасли баҳор садои оби чашмаҳо ва парандагон ба табиат ҷилои тоза мебахшад. Дар деҳа дарахтони зардолу, себ, чормағз ва тут фаровонанд.
Шуғли мардум ва анъанаҳо
Мардум асосан ба чорводорӣ, боғдорӣ, зироаткорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Ҳар хонавода ҳунаре дорад — бофандагӣ, чойдастонсозӣ, ё сохтани асбобҳои рӯзгор.
Дар фасли тобистон мардум ба ҷамъоварии ҳосил ва парвариши заминҳои серҳосил машғул мешаванд. Қисме аз заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳи деҳа дар мавзеъҳои Дашти Похут ва Тухчии ноҳияи Деваштич воқеъанд, ки дар он ҷо картошкапарварӣ ба таври хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳосили фаровон ба даст меояд.
Маъбадҳо ва маконҳои муқаддас
Дар Тагоби деҳа 5 қутан мавҷуд аст:
қутани Себак,
қутани Кафтархона,
қутани Козаи Сафар,
қутани Козаи Гадомаҳмад,
ва як қутани дигар дар наздикии чашма.
Дар мавзеъи пешкуҳа 3 қутан ҷойгир аст:
қутани Сари пул,
қутани Обканда,
қутани Роҳ.
Дар Тагоби деҳа мазори Хоҷаи Ғойибон, ва дар наздикии деҳа мазори Хоҷаи Паррон ҷой доранд, ки аз ҷойҳои зиёратии муқаддаси мардум ба ҳисоб мераванд.
Муассисаҳо ва зиндагии иҷтимоӣ
Дар Шаватки Боло Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, Беморхонаи №5, Маркази саломатӣ, масҷиди ҷумъахонӣ, клуб, китобхона, чойхона, дорухона ва марказҳои хурди савдо фаъолият доранд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ симои деҳа куллан дигар шуд:
мактаби дуошёнаи нав бунёд гардид,
беморхонаи дуошёна навсозӣ шуд,
роҳҳо ва ҷӯйборҳои дохили деҳа таъмиру азнавсозӣ гардиданд,
қабристонҳои кӯҳна ва нав гирдбаст шуданд,
дар назди муассисаҳо боғ ва майдони варзишӣ сохта шуд.
Имрӯз ва фардо
Имрӯз Шаватки Боло рамзи таърихи зинда, меҳнат, ва ифтихори мардумӣ аст.
Мақомоти маҳаллӣ ва сокинон талош доранд, то бо татбиқи лоиҳаҳои нав — аз ҷумла сохтмони боғчаи кӯдакон, васеъсозии шабакаи обёрӣ ва таъмири мактаб — симои деҳаро боз ҳам зеботар гардонанд.
Шаватки Боло то имрӯз бо номи нек, табиати зебо ва меҳнати поки сокинонаш ҳамчун яке аз гӯшаҳои дилкаш ва таърихии ноҳияи Айнӣ боқӣ мондааст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 15
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Саиднур Саидахмедов, Umed Sharifzod и ещё 53