
Дар оғӯши кӯҳҳои сабзу хуррами Зарафшон деҳае ҷойгир аст бо номи Вешаб — яке аз гӯшаҳои зебову пурифтихори ноҳияи Айнӣ, ки таърихи беш аз ҳазорсолаи худро аз асрҳои куҳан то ба замони Истиқлол бо ифтихор пос медорад.
Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта аз қалъаи Муғ ёфт шудаанд, дар ду шакл — «Вешаб» ва «Бешак» сабт гардида, ба фаровонии обу гиёҳ ва файзу баракати ин макон ишора мекунад. Табиати дилрабо, чашмаҳои мусаффо, дарахтони мевадиҳанда ва манзараҳои кӯҳистонии он симои нотакрори водии Зарафшонро пурра месозанд.
Аммо Вешабро на танҳо обу ҳаво ва замини ҳосилхез, балки номи бузургворе шуҳрат бахшидааст, ки аз умқи асрҳо ба ёди мардум бо эҳтиром ёд мешавад. Ин ҷо, ба қавли мардуми маҳаллӣ, оромгоҳи орифи азим — Мавлоно Шамси Табрезӣ ҷойгир аст.
Қадамгоҳи ориф ва устоди Мавлоно
Мардуми водии Зарафшон бар онанд, ки пас аз сайру саёҳатҳои тӯлонӣ Шамси Табрезӣ — устоди маънавии Ҷалолуддини Румӣ — ба диёри аслии худ, ба ин гӯшаи сабзу пурҷило баргашта, дар ҳамин ҷо хок шудааст. Дар маркази деҳа оромгоҳе воқеъ аст, ки бо санъати миллии тоҷикӣ оро ёфта, зиёратгоҳи садҳо ихлосмандон ва сайёҳон аст.
Аз рӯи навиштаҳои бостонӣ ва гуфтаҳои таърихшиносон, то замони Инқилоби Октябр дар ҳамин хонақоҳ «Куллиёти Шамси Табрезӣ», маъруф ба «Девони Кабир» — асари гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, нигоҳдорӣ мешуд. Маҳз, дӯстию ҳамнафасӣ бо Шамс ба Мавлоно рӯҳи дигар бахшид — рӯҳе, ки ӯро аз мадраса ба самоъ овард.
Шояд на фақат мазор, балки руҳ ва анъанаи мардумони Вешаб низ хотираи Шамси Табрезиро зинда медоранд. Симои мардумони деҳа, бо чашмони амиқ, ришҳои сафеду рӯйҳои нуронӣ, ба нақшу тасвирҳои таърихии Шамси Табрезӣ монанд аст. Ҳамчунин, рақсҳои анъанавии вешабиҳо, ки бо ҳаракатҳои махсус ва чархзанӣ сурат мегирад, бо рақсу самоъи маъруфи замони Мавлоно шабоҳати бисёр доранд. Гӯё дар насли ин мардум рӯҳи ирфонӣ ва зебопарастии Шамси Табрезӣ зинда мондааст.
Вешаб дар замони Истиқлол
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ин деҳаи кӯҳистон низ симои нав гирифт.
Бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вешаб ба яке аз марказҳои фаъоли ҷамоати Шамтуч табдил ёфтааст.
Дар деҳа мактаби миёнаи №13 ба номи Муллобарот Султонов, маркази саломатӣ, китобхона, дорухона, чойхона ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, майдончаи варзишии мактаб пурра азнавсозӣ шуда, барои ҷавонон шароити мусоиди варзишу фароғат фароҳам омадааст.
Ин ҳама нишони он аст, ки сиёсати давлат барои нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва рушди деҳот бо дастгирии мардум самара меорад.
Ҳунар, меҳнат ва зебоии зиндагии кӯҳистон
Мардумони Вешаб аз қадимулайём бо меҳнатдӯстӣ ва ҳунармандии худ машҳуранд. Сабадбофӣ, қолинбофӣ, кӯзагарӣ ва коркарди пӯлодҳои кӯҳистонӣ аз ҳунарҳои суннатии деҳаанд. Ҳамчунин, боғдорӣ ва чорводорӣ асоси рӯзгори мардумро ташкил медиҳанд.
Ҳангоми ҷашну иду маросим, аз Наврӯз то Меҳргон, мардум либосҳои суннатии гулдӯзӣ ба тан карда, бо мусиқии дафу най рақсу сурудҳои куҳанаро эҳё мекунанд.
Хонаҳои кӯҳистонӣ бо сангҳои маҳаллӣ ва сақфҳои чӯбини қирмизӣ сохта шуда, ҳар як хона гӯё порчае аз таърихи гузаштагон аст. Меҳмоннавозӣ ва самимияти мардум, ки аз фарҳанги ориёии қадим сарчашма мегирад, то имрӯз риоя мегардад.
Пайванд бо ҷаҳони маънавият
Ҳангоми ворид шудан ба оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезӣ, ҳар меҳмон эҳсос мекунад, ки ин ҷо на танҳо оромгоҳи як шахс, балки маркази оромии рӯҳ ва ёди ирфон аст.
Мисраҳои пурҳикмати Бедил, ки дар сангҳо ҳаккокӣ шудаанд, гӯё пули робитаи миёни замину осмон, миёни гузашта ва имрӯзанд:
Як қадам роҳ аст, аз ту то домани хок,
Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ — ҳушёр бош.
Дар ҳақиқат, Вешаб — ин макони оромӣ, ирфон ва худшиносист; маконе, ки гузашта бо имрӯз мепайвандад ва аз файзи оромгоҳи орифон нерӯ мегирад.
Хулоса, имрӯз Вешаб бо табиати нотакрор, мардумони меҳнаткаш, оромгоҳи муқаддас ва корҳои созандагии даврони Истиқлол ба маркази зебоӣ ва маънавият табдил ёфтааст.
Дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон, ки аз болои он ҳамеша шамоли соф мегузарад, рӯҳи Шамси Табрезӣ ҳанӯз эҳсос мешавад — чунон ки Мавлоно фармудааст:
Мо зи болоем, боло меравем,
Мо зи дарёем, дарё меравем.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 19
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Саиднур Саидахмедов, Джасур Махмудов и ещё 66