
Дар миёни қаторкӯҳҳои осмонбӯси Зарафшон ва Туркистон, деҳаи куҳанбунёди Рарз ҳамчун як гавҳари фарҳангу маърифат ва рамзи тамаддуни кӯҳистон ҷойгоҳ дорад. Он маркази ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ буда, бо таърихи ҳазорсолаву табиати нотакрор, урфу одати аслии мардуми тоҷик ва кору пайкори созандагӣ шинохта шудааст.
Ҷойгоҳ ва манзара
Рарз дар баландии 1850 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, аз маркази ноҳия — 24 км ва аз шаҳри Душанбе — 165 км масофа дорад. Дар иҳотаи кӯҳҳои осмонбӯси болооби водии Зарафшон ҷойгир шуда, бо манзараҳои кӯҳӣ, чашмаҳои мусаффо ва табиати хосаш дилҳоро тасхир мекунад.
Мавсими баҳор ин ҷо сарзамини гулҳои кӯҳӣ, навбаҳорон ва сабзаҳои шифобахш мешавад, ки барои мардум на танҳо сарчашмаи табобат, балки зебоӣ ва шукӯҳу шодмонӣ меорад.
Номи Рарз — бозгашти таърих
Ба ривоят ва манобеи куҳан, номи «Рарз» шояд аз калимаи «Раз» — ангурзор, гирифта шуда бошад. Аммо дар ҳуҷҷатҳои қадимии асри VIII, ки аз Муғ ёфт шудаанд, номи деҳа бо шакли «Иски Рарз» (Рарзи кӯҳна) омадааст. Ин худ нишондиҳандаи таърихи беш аз ҳазораи ин макон аст.
Дар асри XX, М.М. Вирский дар рӯйхати аҳолинишинҳои Самарқанд Рарзро яке аз марказҳои муҳими Фалғарская волость мешуморад — Фалғар номест, ки ба водии болооби Зарафшон замоне дода мешуд.
Манораҳои таърихӣ — аломати фарҳанги куҳистон
Се манора — Рарз, Фатмев ва Варз, ки дар қаламрави ноҳияи Айнӣ боқӣ мондаанд, аз шаҳодатҳои равшани рушди меъмории исломӣ ва иртиботи ҷамъиятӣ дар асрҳои IX–XII маҳсуб мешаванд.
Манораи Рарз бо зинапояи дохилӣ ва пояи пурҳашамати худ як маркази таълимӣ, иттилоотӣ ва мазҳабӣ будааст.
Манораи Фатмев бо масҷиди “духтари қозӣ” ва санъати меъмории худ аз қадимияти зиёде шаҳодат медиҳад.
Манораҳои мазкур ба фармони Султон Ҷалолиддини Халҷӣ бунёд шуда, ҳамчун дидбонгоҳи муҳим хидмат мекардааст.
Чароғҳо шабона ва дуд рӯзона аз ин манораҳо барои хабаррасонӣ истифода мешуданд — шеваи иртиботе, ки имрӯз метавонад бо ифтихор ҳамчун нишонаи зеҳн ва созмони иҷтимоии мардум пазируфта шавад.
Ҳунарҳои мардумӣ ва урфу одатҳо
Мардуми Рарз дар баробари ҳунармандӣ, меҳнатдӯстӣ ва донишпарварӣ, урфу одатҳои зебо ва анъанаҳои суннатӣ доранд. Аз ҷумла:
* Кӯрпачдӯзӣ ва бофандагӣ дар байни занони маҳаллӣ рушд ёфтааст;
* Коркарди чӯб ва хишт, ки хонаҳои кӯҳӣ ва масҷидҳоро зеб медиҳад;
* Ороиши либосҳои миллӣ, ки дар тӯйҳо ва ҷашнҳо истифода мешаванд;
* Достонҳои шифоҳӣ, сурудҳои арӯсӣ, қиссаҳои паҳлавонӣ ва зарбулмасалҳои хоси мардуми кӯҳистон то имрӯз дар даҳони пирону ҷавон ҳастанд.
Дар тӯйҳои анъанавӣ, навои “шашмақом”, базми маҳаллӣ, суннати “чормағзшиканӣ”, “гандумбарак” ва “гӯштбирён” ҳангоми идҳо ранги хос мебахшанд.
Ид ва ҷашнҳои миллӣ
Мардум Рарз иду ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз, Меҳргон, Иди Қурбон, Иди саиди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣро бо тантана ва рангорангӣ ҷашн мегиранд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои бошукӯҳ аст, ки дар он гулу гиёҳҳои кӯҳӣ ҷамъоварӣ мешаванд, духтарон бо либосҳои атласу адрас рақсу таронаҳо иҷро мекунанд, аспдавонӣ ва мусобиқаҳои гӯштингирӣ баргузор мешаванд.
Кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ — ҷузъи ҳаёти кӯҳистон
Рарз яке аз беҳтарин минтақаҳои ноҳияи Айнӣ дар соҳаи зиратокорӣ ва боғдорӣ маҳсуб мешавад. Маҳсулоти кишоварзӣ аз ин деҳа дар бозорҳои Душанбею Хуҷанд ба фурӯш мерасанд.
Гандум, ҷав, лӯбиё, мош, ва картошка аз ҳосилоти асосианд. Себу зардолу, ангур ва тут — боғҳои серҳосили деҳаро ташкил медиҳанд. Чорвои майда ва калон, инчунин паррандапарварӣ — манбаи аслии рӯзгор ва иқтисоди хонаводагӣ мебошад. Дар фасли баҳор — ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба як анъанаи муҳим ва манбаи даромад табдил ёфтааст.
Маориф ва бедории миллӣ
Дар даврони истиқлол, бахусус бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мактабҳои деҳаи Рарз таъмир ва таҷҳизонида шудаанд. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо гурӯҳҳои корӣ пайваста аз ҳолати муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, таъмини синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ, мизу курсӣ ва системаи гармидиҳӣ таъмин шудааст. Дар мактабҳои деҳа фанҳои табиӣ, таърих, забони тоҷикӣ ва технология бо сифати баланд омӯзонда мешаванд. Инҷо насли ҷавон бо худшиносӣ ва ифтихори миллӣ парвариш меёбад.
Рарз дар замони истиқлол — симои нав
Ободониҳои даврони истиқлол Рарзро ба як деҳаи муосири кӯҳӣ табдил додаанд:
* Роҳҳои сангфаршу қисман асфалтшуда,
* Барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳо,
* Таъмини мардум бо барқ ва оби нӯшокӣ,
* Ташкили кооперативҳои деҳқонӣ ва занбурпарварӣ ,
* Амалигардонии барномаҳои иҷтимоӣ барои занон ва ҷавонон,
Мардуми Рарз, бо анъанаи меҳнатдӯстӣ, меҳмоннавозӣ, ватандӯстӣ ва фарҳангсолор боқӣ мондаанд.
Хулоса, Рарз — қалби кӯҳистони маърифат.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 31
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Фарход Мусоев, Мирзафар Зарипов и ещё 16