
Ҷойгиршавӣ ва маълумоти умумӣ
Сангистон — яке аз деҳаҳои қадимӣ ва зебоманзари ноҳияи Айнӣ буда, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ, вилояти Суғд ҷойгир аст. Деҳа дар домани кӯҳҳои сангину баланд ва соҳили дарёчаи Зоосун воқеъ гардида, аз маркази ноҳия ҳамагӣ 7 километр дурӣ дорад. Аҳолии он асосан тоҷикон мебошанд.
Тибқи маълумоти бойгонӣ, номи «Сангистон» аз ду реша иборат аст:
«санг» — маънояш «санг, кӯҳ», ва «истон» (ё «стон») — аз решаи суғдии «ҷой, кишвар, мавзеъ». Ҳамин тавр, «Сангистон» маънои «замини сангӣ» ё «сарзамини кӯҳӣ»-ро дорад.
Аввалин ёдоварӣ аз деҳа дар ҳуҷҷати таърихии соли 1605 ба назар мерасад, инчунин дар асарҳои нозири ҳарбии рус Арендаренко (1876) ва дар “Списки населённых мест Самаркандской области” (1904) низ зикр шудааст.
Таърихи кӯтоҳ
Дар асрҳои миёна Сангистон яке аз манотиқи аҳолинишини минтақаи Фалғар ба шумор мерафт. Мувофиқи маълумоти солҳои 1905, деҳа ба воҳиди маъмурии Фалғарская волость дохил мешуд ва дар таркиби Варзиманорское сельское общество қарор дошт.
Дар давраи шӯравӣ, деҳа қисми колхози ба номи Я.М. Свердлов буд. Дар солҳои 1980-ум дар деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, шуъбаи алоқа, беморхона ва боғчаи бачагона фаъолият мекарданд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ буданд.
Урфу одат ва фарҳанг
Сангистон чун дигар деҳоти кӯҳистони Зарафшон дорои суннатҳои пурғановати миллӣ ва мардумӣ аст. Дар деҳа анъанаҳои қадимаи арӯсӣ, таваллуд, меҳмоннавозӣ ва маросими исломӣ то имрӯз роиҷанд.
Маросими маъмули мардумӣ:
Чароғмонӣ — равшан кардани чароғ дар мазор бо нияти баракату саломатӣ;
Кокулгузорӣ — гузоштани кокул ба сари кӯдакон ва буридани он баъд аз иҷрои ният;
Назр кардан — қурбонӣ ё хайр ба мазорҳо;
Қасам ба бузургон — бо ибораҳои маъруф «Ҳазрати Лангар занад» ё «Майдони Ғайб зананд».
Ин суннатҳо то имрӯз ҷойгоҳи хоси худро дар фарҳанги деҳа нигоҳ доштаанд.
Ҳунарҳои мардумӣ ва зиндагии хоҷагӣ
Сокинони Сангистон аз қадим бо ҳунарҳои мардумӣ машҳур буданд. Ҳунарҳои асосӣ —дӯзандагӣ, қолинбофӣ, ҳаккокӣ дар чӯб, заргарӣ ва ҷӯйборсозӣ.
Дар бахши кишоварзӣ — боғдорӣ, гандумкорӣ, парвариши зироатҳои ғизоӣ ва чорводорӣ мавқеи асосӣ доранд.
Боғҳои Сангистон бо зардолу, себ, тут, шафтолу ва олуча машҳуранд. Обёрӣ асосан аз дарёчаи Зоосун ва канали Сангистон анҷом мегирад.
Ёдгориҳои таърихиву меъморӣ
Деҳаи Сангистон бо ёдгориҳои таърихӣ ва мазорҳои муқаддаси худ шӯҳрат дорад. Дар ин ҷо чандин мавзеъҳои муқаддас ва таърихӣ ҷойгир шудаанд:
Мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб (Ҳазрати Лангар) — аз бузургони асри XV, хатиби маъруфи замони худ. Дар назди мазор хонақоҳ ва масҷид мавҷуд аст.
Мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб) — ёдгории меъмории асрҳои миёна бо ороиши нодири чӯбкорӣ.
Мазори Улус-хотун — хоҳари Мавлоно Хатиб буда, дар қабристони болои деҳа ҷойгир аст.
Масҷиди Идайн — масҷиди қадимӣ барои намозҳои идона, ки фурӯрафта ва қисман вайрон шудааст.
Қадамҷойҳои ҳазрати Мулло (Мавлоно Фахриддин) — ду ҷойи муқаддас дар маҳаллаҳои Говхӯр ва Ширин, ки мардуми деҳа онҳоро бо эҳтиром зиёрат мекунанд. Ин мазорҳо ва қадамгоҳҳо имрӯз низ аз ҷониби мардум парастиш мешаванд ва ба сифати ҷойҳои зиёрат ва тамошои сайёҳон хизмат мекунанд.
Қаҳрамонони замони ҷанг
Аз деҳаи Сангистон низ чандин мардони шуҷоъ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд. Аз ҷумла:
Шодиев Баймурзо, соли таваллуд 1905, даъват аз ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ), соли 1943 бедарак шудааст.
Хотираи ин фарзандони далер дар хотираи мардум ҷовидон боқӣ мондааст.
Сангистон дар даврони Истиқлол
Пас аз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), дар деҳа корҳои зиёди ободонӣ ба амал омаданд.
Мактаб ва роҳҳо таъмир шуданд, оби нӯшокӣ ва барқ беҳтар гардид, якчанд хонаҳои нави истиқоматӣ, муассисаҳоои таълимии нав, маҷмааи фарҳангӣ, майдончаи варзишӣ, сехи пойафзолдӯзӣ ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сохта шуданд.
Сокинони деҳа бо дастгирии ҳукумат ва сармоягузорони маҳаллӣ ҳамасола саҳми худро дар рушди ҷамоат ва ободии Ватан мегузоранд.
Хулоса, Сангистон на танҳо деҳае бо таърихи ҳазорсолаи худ, балки гузаргоҳи фарҳанг ва суннатҳои мардумии тоҷикон аст. Ин деҳа, бо табиати зебо, ёдгориҳои бостонӣ ва меҳмоннавозии мардумонаш, метавонад ба маркази ҷолиби сайёҳии ноҳияи Айнӣ табдил ёбад.
Ҳифз ва муаррифии ин макони таърихӣ барои наслҳои оянда на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як фарди бедордил аст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор









