Хабарҳои руз

Идомаи корҳои ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

22 октябр Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар деҳаи Томин аз раванди сохтмони муассисаи томактабӣ боздид намуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки бинои навбунёд аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои таълиму тарбияи 60 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин муассиса бо кӯмаки хоҷагии деҳқонии «Истиқлол» ва сокинони деҳа сохта шуда, корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расида, ҳоло марҳилаи пардозкунӣ ҷараён дорад. Ҳамзамон дар паҳлӯи бино корҳои сохтмони биноҳои ёрирасон низ оғоз ёфтааст.
Муассисаи таълимӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми фаъолонаи сокинони деҳаи Томин бунёд мегардад. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъулони соҳаи сохтмон дастур дод, ки сохтмон бо сифати баланд ва бо истифода аз маводи ватанию санъати муосири меъморӣ ба анҷом расонида шавад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз раванди сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Томин боздид намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду густариши варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти махсус медиҳад ва дар ин самт дар ноҳияи Айнӣ корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.
Дар ҳамин замина, сохтмони боз як майдончаи варзишӣ дар ноҳия идома дошта, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иштироки соҳибкорон ва сокинони деҳа амалӣ мешавад ва ҳоло тақрибан 70 фоизи корҳо иҷро гардида, то даҳаи якуми моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъулин супориш дод, ки ин иншоотро бо сифати баланд ва саривақт ба истифода диҳанд.
Сипас, Раиси ноҳия аз макони сохтмони “Наврӯзгоҳ”-и деҳа дидан намуда, бо намояндаи ширкати сохтмонии «Анас – Муосир» суҳбат анҷом дод. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии сокинон дар деҳаи Томин «Наврӯзгоҳ» барои гузаронидани маъракаҳои иҷтимоӣ ва ҷашну идҳои миллӣ сохта мешавад. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки сохтмони «Наврӯзгоҳ» бояд бо назардошти талаботи замон ва сифати баланд ба анҷом расонида шавад.
Хулоса, дар деҳаи Томин корҳои ободонӣ ҷиҳати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар соли 2025 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, мумфарш намудани роҳи байни деҳа яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад, ки беҳбудии сифати зиндагии сокинонро таъмин менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 26

Leave a Reply

Back to top button