
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонӣ, таъмир ва таҷдиди як қатор иншоот бо вусъати тоза идома доранд. Дар ин раванд рушди мақомоти милитсия ҳамчун рукни муҳими ҳифзи тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, аз раванди таъмиру таҷдиди бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боздид ба амал овард.
Дар ҳошияи боздид Раиси ноҳия бо сохтмончиён суҳбат намуда, аз ҷараёни таъмиру таҷдиди куллии бино дидан кард. Бинои шуъба, ки қаблан ба таъмири куллӣ ниёз дошт, бо ташаббуси сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра навсозӣ мешавад. Ин корҳо аз ҷониби ширкати сохтмонии «Анас – Муосир» бо риояи стандартҳои муосир ва талаботи замон амалӣ мегарданд.
Ҳоло утоқҳои корӣ, ҳуҷраи навбатдорӣ, маҷлисгоҳ ва деворҳои гирду атрофи бино аз таъмири пурра бароварда шуда, дарахтони гирди бино ба танзим дароварда мешаванд. Атрофи бино бо гулҳои мавсимӣ оро дода мешавад, ки ин муҳити кориро ба таври чашмрас беҳтар месозад. Ҳамчунин, биноҳои ёрирасон, аз ҷумла бинои буғхона, ки тамоми шуъбаро дар ҳарорати мусоид нигоҳ медорад, ҳамчунин хобгоҳу ошхона низ пурра таъмир карда мешаванд. Атрофи бино бо панҷараҳои муосир ва боэътимод маҳкам карда мешавад.
Таъмиру таҷдиди иншоот ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои кормандони мақомоти милитсия на танҳо ба баланд шудани самаранокии кори онҳо мусоидат мекунад, балки барои пешгирии ҳама гуна кирдорҳои номатлуб ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ заминаи устувор мегузорад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъулони ширкати сохтмонӣ дастур дод, ки корҳои таъмиру таҷдидро дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд анҷом диҳанд ва ҳамзамон маслиҳатҳои муфид оид ба беҳтар намудани равандҳои сохтмонӣ пешниҳод намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 24